Jump to content

Абдуррашиди Таттавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуррашиди Таттавӣ
Сайид Абдуррашид ибни Абдулғафур ал-Ҳусайнӣ ал-Маданӣ ат-Таттавӣ
Таърихи даргузашт: 1666(1666)
Навъи фаъолият: луғатнавис

Абдуррашиди Таттавӣ (форсӣ: عبدالرشید تتوی‎; Сайид Абдуррашид ибни Абдулғафур ал-Ҳусайнӣ ал-Маданӣ ат-Таттавӣ; ? — 1666) — фарҳангнавис ва шоири[1] форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳри Таттаи иёлоти Синди Покистон таваллуд ёфта ба камол расидааст. Абдуррашиди Таттавӣ замони салтанати Шоҳиҷаҳон (ҳукмронии 1627 — 58) ҳаёт ба сар бурдааст. Ба қалами Абдуррашиди Таттавӣ ду фарҳанги тафсирии забони арабӣ: «Мунтахабу-л-луғот» (1635), «Рисолаи муарработ» ва луғати машҳури тафсирии форсӣ бо номи «Фарҳанги Рашидӣ» (1652—1653) тааллуқ доранд. «Фарҳанги Рашидӣ»-и Абдуррашиди Таттавӣ ба андешаи муаллифону муҳаққиқони соҳа яке аз беҳтарин фарҳангҳои тафсирӣ мебошад. Ризоқулихони Ҳидоят дар «Анҷуманорои Носирӣ» ва Муҳаммад Муин дар чопи интиқодии «Бурҳони қотеъ» «Фарҳанги Рашидӣ»-и Абдуррашиди Таттавиро мавриди истифода қарор додаанд.

«Мунтахабу-л-луғот»-и Абдуррашиди Таттавӣ бо пешгуфтор, тавзеҳот ва феҳристи А. Нуров соли 2003 аз тарафи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Душанбе ба табъ расид.

  • Фарҳанги Рашидӣ, бо замимаи «Рисолаи муарработ», ба тасҳеҳи Муҳаммад Аббосӣ, ҷ-ҳои I—II, Т., 1337 ҳ. ш.
  • Шаҳриёри Нақавӣ, Фарҳангнависии форсӣ дар Ҳинду Покистон, Т., 1341 ҳ. ш.