Абдурраҳмони Сӯфӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абулҳусайн Абдурраҳмон ибни Умари Суфӣ
форс. عبدالرحمن صوفی
Санаи таваллуд:

12 декабр 903

Зодгоҳ:
Санаи марг:

30 май 986 (82 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

ахтаршиносӣ, риёзиёт, Horoscopes[d], navigation[d], surveying[d] ва Qibla[d]

Commons-logo.svg Абулҳусайн Абдурраҳмон ибни Умари Суфӣ дар Викианбор

Абдурраҳмони Сӯфӣ (форс. عبدالرحمن صوفی‎, Абулҳусайн Абдурраҳмон ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Саҳли Сӯфии Розӣ; 8 декабри 903, Рай, Эрон — 25 майи 986, Исфаҳон) — мунаҷҷим ва ҷуғрофидони арабизабони форсу тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 946947 дар шаҳри Диновар (наздикии Кирмоншоҳ), солҳои 948949 дар Исфаҳон зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Абдурраҳмони Сӯфӣ тарғибкунандаи равияи риёзӣ дар нуҷум ва ҷуғрофияи асрҳои миёна мебошад.

Рисолаҳо[вироиш]

Тасвире аз китоби «Китоб сувар-ул-кавокиб ас-собита» Суфии Розӣ

Рисолаҳои риёзиву ҳайатшиносии зерин ба қалами Абдурраҳмони Сӯфӣ мутаалиқанд: «Рисола дар амали ашколи мутасовиййа ул-азлаъ», «Китобу-с-сувар-ул-кавокиб ас-собита» («Китоби тасвири ситораҳои собита»), «Китобу-л-амал би-л-устурлоб» («Китоби амал бо устурлоб»), «Китобу-л-амал би-л-кура ул-фалакийя» («Китоби амал бо кураи фалакӣ (глобус)»), «Китобу-л-мадхал-ил- илм ан-нуҷум ва аҳкомиҳи» («Китоби муқаддима дар илми нуҷум ва аҳкоми он»). Асари маъруфи ӯ «Китоб сувару-л-кавокиб ас-собита» (965) ба шарҳи бурҷҳои дувоздаҳгона, тавсиф ва вазъи онҳо дар гунбази фалак бахшида шудааст. Рисолаи «Китоби тасвири ситораҳои собита» аз тарафи муаррихони илм «Шоҳасари ҳайатшиносии мушоҳидавии асрҳои миёна» номида шудааст. Дар он тавсири 48 бурҷ ва ҷадвали 1017 ситораи собита дода шудааст. Аз феҳристи бурҷҳое, ки дар ин асар оварда шудааст, олимони давраҳои минбаъда (масалан, Берунӣ дар «Осору-л-боқия») истифода бурдаанд. Абдурраҳмони Сӯфӣ дар дарбори амир Изудуддавла (949983) чун мунаҷҷим эҳтиром ва эътироф дошт ва кураи арзи (глобус) нуқрагин сохт, ки дертар он дар китобхонаи қасри Фотимиёни Қоҳира гузошта шуд. Абдурраҳмони Сӯфӣ матолиби нуҷумиро ба назми арабӣ кашидааст, ки он бо номи «Урҷузат Абдурраҳмон» ё «Урҷуза фи-л-фалак» маъруф аст. Тадқиқоти Абдурраҳмони Сӯфӣ ба эҷодиёти мактаби мунаҷҷимию ҷуғрофии Берунӣ, Закариёи Қазвинӣ, Насируддини Тӯсӣ ва дигарон таъсири бузург расондааст.

Осор[вироиш]

  • «Китобу-с-сувар-ул-кавакиб ас-сабита» (ба забони арабӣ ва тарҷумаи франсавӣ) С.-Пб., 1874);
  • Тарҷумаи «Китоб сувар ул-кавокиб ас-собита» бо қалами Насируддини Тӯсӣ, бо тасҳеҳи Муизиддини Мадҳавӣ, Т., 1973.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Крачковский И. Ю.,
  • Избр., соч., т. 4, М. — Л., 1957;
  • Мамедбейли Г. Д., Основатель Марагинской обсерватории Насэриддин Туси, Баку, 1961.

Сарчашма[вироиш]