Jump to content

Абдусалом Раҳимов (оҳангсоз)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусалом Раҳимов
Абдусалом Раҳимов
Таърихи таваллуд 1944(1944)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳамадонӣ ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) оҳангсоз, мутриб

Абдусалом Раҳимов – оҳангсози суннатӣ, навозандаи моҳир (ғиҷҷак), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2004).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусалом Раҳимов cоли 1944 таваллуд ёфтааст. Аз овони ҷавонӣ бо устоди бузурги Фалакхонӣ, Одина Ҳошим ҳамкорӣ намуда, дар мактаби ӯ ба воя расидааст. Дертар ҳамчун ғиҷҷакнавози Одина Ҳошим интихоб гардид. Вай имконият пайдо кард, ки таи чандин солҳо аз ин устод ва донандаи санъати Фалак ва ғазалсароӣ бисёр чизҳоро омӯзад. Дар натиҷа, донишу малакаи бузургеро дар ҷиҳати банду басти оҳангу зарб, эҷоди асарҳои жанрҳои суннатӣ пайдо намудааст. Соли 1982 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. Композитсияро ба тарзи факултативӣ аз композитор Абдулфаттоҳ Одинаев омӯхтааст. Аз соли 1961 дар дастаи мусиқӣ ва дертар – Театри халқии ба номи Одина Ҳошимови ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аввал ба ҳайси навозанда ва баъд ба ҳайси роҳбари мусиқӣ фаъолият мебарад. Доираи эҷодиёти оҳангсоз Абдусалом Раҳимов – жанрҳои мусиқии суннатӣ ва эҷоди мусиқӣ барои намоишномаҳои театрӣ, оркестри созҳои халқӣ мебошад.

Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1966 – «Порча аз ҳаёт», пйесаи С.Сафаров.
  • 1969 – «Арвоҳ», пйесаи С.Ғанӣ.
  • 1978 – «Дил дили Зайнаб», пйесаи Ш.Қиёмов.
  • Мусиқӣ барои оркестр ва ансамбли созҳои халқӣ:
  • 1978 – «Сайри ҷавонӣ».
  • 1980 – «Рози дил».
  • 1982 – «Нидои Хатлон».
  • 1988 – «Иди меҳнат».
  • 1965 – «Гар бар дилам», шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ.
  • 1974 – «Чаманро дӯст медорам», шеъри С.Маъмур.
  • 1995 – «Тоҷикистон зинда бош», шеъри С.Айюбӣ.
  • 1995 – «Рубоиёт», шеъри халқӣ.
  • 1990 – «Оҳиста-оҳиста», шеъри Соҳиб.
  • 1999 – «Тоҷикистон», шеъри С. Маъмур ва диг.[1] (тоҷ.)
  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон: Маълумотнома. — Душанбе,2011, — 288 с. — C. 150- 151 ISBN 978-99947-748-3-8