Абдусамад Азимов
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 1924 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Тегерм, ноҳияи Комсомолобод |
Таърихи даргузашт | 1975 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Ленин |
Кишвар | |
Ҷоизаҳо |
Абдусамад Азимов (1929, деҳаи Тегермӣ, ноҳияи Комсомолобод — 1975, ноҳияи Ленин) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Сардори звено (1947—1949), муовини раиси колхози ба номи Сталини ноҳияи Сталинобод (1949—1953), нозири комитети ноҳиявии комсомол (1954—1957), коргари раёсати «Энергострой» (1957—1960) ва челонгари трести «Средазэлектромонтажизолятсия»-и ноҳияи Ленин (1960—1975). Дар соҳаи пахтакорӣ ба муваффақиятҳо ноил гардидааст.
Ордену медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Азимов Абдусамад // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.