Ноҳияи Рӯдакӣ
Ноҳияи Рӯдакӣ | |
---|---|
![]() | |
Донистаниҳо | |
Кишвар : | ![]() ![]() |
Вилоят : | Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ |
Марказ: | шаҳраки Сомониён |
Замони таъсис : | 27 октябри 1932 |
Раиси ноҳия: | Акрамзода Рустам |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 1800 км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 3 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 13 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2008) : | 472,2 ҳаз. кас(2016) |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ ва ӯзбекӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | RU |
ISO-намоя : | TJ.RR.RU |
Пешшумора : | +992 3137 |
Нишонии почта : | 734060 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 07ТJ |
Ноҳияи Рӯдакӣ (форсӣ: ناحیۀ رودکی) — пурнуфустарин ва аз назари масоҳат 20-умин ноҳия дар Тоҷикистон аст ва дар бахши марказии кишвар, дар водии Ҳисор ҷой дорад.
Ин ноҳия 21 январи соли 1935 ҳамчун ноҳияи Кӯктош дар вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва чанд бор номгардон шуд, то ин ки соли 1970 ба ёдбуди 100-умин солгарди зодрӯзи Владимир Ленин ноҳияи Ленин номида шуд.
Бар асоси Қарори № 462 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2003 ба поси хотири устод Абу Абдуллоҳ Рӯдакӣ ноҳияи Рӯдакӣ номида шуд[1].
Маркази ин ноҳия шаҳраки Сомониён аст, ки 17 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Ҳудудҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Мувофиқи маълумоти омор аз 1 январи соли 2021, ҳамагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 602 740 нафар зиндагӣ мекунад, шумори хоҷагиҳо 95 872 аст. Аз ин миқдор ба пойтахт 35767 хоҷагӣ бо 218260 нафар аҳолӣ гузаронда шуданд. Ба Душанбе аз қаламрави ҷамоати Россия 9 нуқтаи аҳолинишин, аз Чимтеппа 12, Сарикиштӣ 8 деҳа ба пуррагӣ ва 5-то қисман, Чоряккорон 2 деҳа пурра ва 6 деҳа қисман, Гулистон 5 деҳа пурра ва 1 деҳа қисман, Чортеппа 2 деҳа пурра ва 2 деҳа қисман, аз шаҳраки Навобод 2 гектар замин пайваст карда шуданд[2].
Ҷойгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Ноҳияи Рӯдакӣ дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол ва шимолу шарқ бо ноҳияҳои Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав ва Ваҳдат аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ ва ҷануб — бо ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликӯл, Хуросон ва Ёвон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ғарб — бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҳаммарз аст.
Паҳноварии ноҳияи Рӯдакӣ 1800 км² аст. Аз шимолу шарқи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷанубу ғарби он рӯди Кофурниҳон гузар мекунад, ки ба рӯди Вахш мерезад. Дар ноҳияи Рудаки Ҷамоатҳо маҳалаҳо деҳаҳо аз ҷумла Ҷамоати Мирзо Турсунзода Деҳаи Истиқлоли 3 мебошад.
Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]
Бино бар саршумори соли 2010 дар ноҳияи Рӯдакӣ 394,2 ҳаз. тан будааст.[3] Мардуми ноҳияи Рӯдакӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан мегӯянд.
Бахшҳои идорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 3 шаҳрак - Сомониёну Навободу Мирзо-Турсунзода ва 13 ҷамоат дорад[4]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Гулистон | 31680 | ||||||||||
Зайнабобод | 36716 | ||||||||||
Қиблаӣ | 10612 | ||||||||||
Лоҳур | 15424 | ||||||||||
Роҳатӣ | 26976 | ||||||||||
Русия | 22162 | ||||||||||
Сари киштӣ | 26584 | ||||||||||
Султонобод | 13180 | ||||||||||
Чимтеппа | 26342 | ||||||||||
Чоргултеппа | 25392 | ||||||||||
Чортеппа | 25400 | ||||||||||
Чоряккорон | 20657 | ||||||||||
Эсанбой | 15920 | ||||||||||
Мирзо Турсунзода |
Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарвари ноҳияи Рӯдакӣ Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Рӯдакӣ - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Рӯдакӣ ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Одамони ифтихории ноҳия[вироиш | вироиши манбаъ]
- Кароматулло Қурбонов (1961−1992) — мусиқидон композитор ва овозхони шинохташуда. — солисти гуруҳи эстрадии овозадори «Гулшан»[5]. Ба поси хотираи овозхон дар маркази шаҳраки Сомониён тандиси овозхон гузошта шудааст. [6].
- Абдураҳим Раҳимов (05.01.1952-08.09.2001) вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли 2001 то 08.09.2011.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ http://www.tajik-gateway.org/index.phtml?id=3638&lang=ru
- ↑ Рӯдакӣ ба Душанбе меояд | ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”. ichrptj.org. 3 май 2022 санҷида шуд.
- ↑ |Шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷилди I (нашри расмӣ) - Душанбе: "Ирфон", 2012, - с.26. 18 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 сентябри 2016.
- ↑ List of Jamoats. UN Coordination, Tajikistan. 23 май 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.
- ↑ ВИА «Гулшан» — Музыка 70-80-х(рус.). abrgen.ru(пайванди дастнорас — таърих). 25 октябри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Талант убить не удалось. Памяти Кароматулло Курбанова | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). news.tj(пайванди дастнорас — таърих). 25 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 май 2018.