Абдуқаҳҳор (дарёча)
Мушаххасот | |
---|---|
Тӯл | 13 км |
Ҷараёни об | |
Резишгоҳ | Дарёи Ванҷ |
• Координатаҳо | |
Мавқеъ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Минтақа | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Ноҳия | Помири Ғарбӣ |
Абдуқаҳҳо́р — дарёчаи кӯҳӣ, яке аз шохобҳои чапи дарёи Ванҷ дар Помири Ғарбӣ. Аз пиряхи Абдуқаҳҳор ибтидо гирифта, дар Хирсдара ҷорӣ мешавад. Дарозиаш 13 км. Давраи серобиаш июл – август, камобиаш октябр – март. Манбааш пирях ва барф. Ҳар сари чанд вақт (1937, 1951, 1963, 1973) дар натиҷаи ба пеш хазидани пиряхи Хирсон ва банд шудани маҷрои Абдуқаҳҳор дар паси пирях кӯли калони мавсимӣ пайдо мешавад.
Кӯл
[вироиш | вироиши манбаъ]Оби ин кӯл гоҳе аз болои пирях ва гоҳи дигар зери онро рахна карда ҷорӣ мешавад ва дар ин ҳол сарфи об дар як сония то ба 2000 м3 мерасад. Дар чунин маврид маҷро соҳилҳоро хароб мегардонад. Баъд оҳиста-оҳиста маҷрои дарё ба ҳолати аввалааш бармегардад. Ҳангоми ҳаракати пирях солҳои 1963, 1973 андозаи кӯл мутаносибан чунин буд: ҳаҷмаш – 9,7 ва 17,4 млн м3, дарозиаш – 1250 ва 1500 м, ҷойи чуқуртаринаш – 82 – 105 м.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуқаҳҳор // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Қуттии дарё: нет статьи об резишгоҳ
- Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо
- Дарёҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: камтар аз 1000 аломат
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: бештар аз се сол
- Дарёҳо бо дарозии то 50 км
- Қуттии дарё: пур кардан: Координатаҳои сарчашма
- Қуттии дарё: пур кардан: Координатаҳои резишгоҳ дарёҳо бо дарозии беш аз даҳ км
- Геоқуттӣ: пур кардан: Номгузорӣ
- Қуттии дарё: пур кардан: Масоҳати ҳавза
- Қуттии дарё: пур кардан: Ҳавза
- Қуттии дарё:ислоҳ кардан:АТЕ
- Дарёҳои Тоҷикистон
- Pages using the Kartographer extension