Абдуҳаким Шарипов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуҳаким Шарипов
Шарипов Абдуҳаким
Таърихи таваллуд 29 май 1951(1951-05-29) (72 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Бобоҷон Ғафурови, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ Педагог
Ҷойҳои кор Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»,Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои педагогӣ,(1989)
Унвонҳои илмӣ дотсент (1997)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, (1969-1974)
Ҷоизаҳо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011)

Абдуҳаким Шарипов (Шарипов Абдуҳаким; 29 майи 1951, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови, вилояти Суғд — номзади илмҳои педагогӣ (1989), дотсент, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарипов Абдуҳаким 29 майи соли 1951 дар деҳаи Овчиқалъача, ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Fафуров) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1969 омўзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод, соли 1974 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 1974-1977 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи нав ва навтарини ҳамин факулта, солҳои 1977-78 ходими калони илмии Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии вилояти Ленинобод, аз соли 1978 то соли 1998 муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), солҳои 1989 – 1998 раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ИДПЛ – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1998 – 2015 мудири шуъба дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, солҳои 2015 – 2018 дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Айни замон, солҳои 1989 – 2015 муштаракан дар ИДПЛ – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ кор кардааст. Аз сентябри соли 2018 дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1989 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯи «Равонкунӣ ва хостагирии хонандагони мактабҳои деҳот ба касби педагогӣ» ҷамъбаст намуда, дар Донишкадаи давлатии омузгории шаҳри Москва ба номи В.И. Ленин рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Фаъолияти илмии ӯ ба масоили равонкунӣ ба касби педагогӣ ва таърихи педагогикаи халқи тоҷик, таҳлил ва баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ равона шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Дотсент Шарипов Абдуҳаким муаллифи беш аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла якчанд дастури методӣ мебошад. Мураттиби ду китоб буда, зери назари у 2 китоби дарсӣ, 17 монографияю маҷмуи мақолаҳо ба табъ расидаанд. Навиштаҳои у дар баробари масоили педагогӣ ба таҳлили масоили иҷтимоӣ ва публисистӣ бахшида шудаанд.

Китобҳо (Монографияҳо)[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Войченко А.П. Ёд додани таҷрибаомузон ба таҳлили дарс дар рафти таҷрибаомузии педагогӣ (ба забони русӣ). – Донишкадаи давлатии омузгории Ленинобод: 1990. – 34 с.
  2. Fаффоров У. Анҷумани саодати миллат. – Хуҷанд: Ношир, 2002. – 319 с.
  3. Ҷуразод Мирзоаҳмад. Шамси Ваҳдат. – Хуҷанд: нашриёти Раҳим Ҷалил, 2002.– 159 с.
  4. Қасри Арбоб. Мусаввара. – Хуҷанд: 2007. – 106 с.
  5. Рўзгор ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам. – Хуҷанд: Ношир, 2008. – 67 с.
  6. Аҳлиллоев Т. Исматов М. Педагогика. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2009. – 262 с.
  7. Тоҷикистон нурборон мешавад. – Хуҷанд: Ношир, 2009. – 511 с.
  8. Шукуҳи Истиқлол. – Хуҷанд: Ношир, 2011. – 508 с.
  9. Юнусов Й. Педагогика. – Хуҷанд: Ношир, 2011. – 330 с.
  10. Маориф-ояндаи Тоҷикистон. – Хуҷанд: Ношир, 2011. – 522 с.
  11. Достони Ваҳдати миллат. – Хуҷанд: Ношир, 2012. – 447 с.
  12. Ҷавлонгоҳи номварон. – Хуҷанд: Ношир, 2012. – 491 с.
  13. Ваҳдат ормони олии миллат. – Хуҷанд: Ношир, 2012. – 77 с.
  14. Фидоиёни Ватан. – Хуҷанд: Ношир, 2012. – 310 с.
  15. Манзари ватандорӣ.– Хуҷанд: Ношир, 2012. – 270 с.
  16. Fаффоров У. Иҷлосияи муждарасони наҷот. – Хуҷанд: Ношир, 2012. – 390 с.
  17. Тутаева Д. Нури ахлоқ. – Хуҷанд: Ношир, 2015. –209 с.
  18. Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд №2. – Хуҷанд: Ношир, 2016. – 196 с.
  19. Набиева М. Деҳаи ман ва одамони он. – Хуҷанд: Аврангзеб, 2016. – 92 с.
  20. Танзим файзу баракати зиндагонист. – Хуҷанд: Ношир, 2016. – 92 с.
  21. Бақои зиндагӣ– Хуҷанд: Ношир, 2016. – 2016 384 с.

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999)
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]