Абзорҳои заминсанҷӣ
Афзори геодезӣ, асбобҳои геодезӣ — ҷиҳози механикӣ, оптикию механикӣ, барқию оптикӣ ва радиоэлектроние, ки барои андозагирии дарозии хатҳо, кунҷҳо, нақшбардории тарҳҳо, дар сохтмон ва иншооти муҳандисӣ ва ғайра истифода мешавад.
Ба афзори геодезӣ асбобҳое, ки барои ченкуниҳои ахтаршиносӣ ҳангоми анҷомдиҳии корҳои геодезӣ истифода мешаванд ва олоти маркшейдерӣ низ дохил мешаванд.
Барои андоза кардани дарозии хатҳо тасмаметри пӯлодиро (дарозиаш 20 ё 50 м) ба кор мебаранд. Носаҳеҳии нисбии андозакунӣ бо тасмаметр ба шароити маҳал вобаста буда, маъмулан, баробари 1:2000 аст. Дар андозакуниҳои саҳеҳ тасмаметрҳои инварӣ истифода мешаванд, ки онҳоро ба динамометр васл карда мекашанд. Дар ин сурат носаҳеҳии нисбии он 1:2000-1:50000 мешавад. Дар андозакуниҳои боз ҳам дақиқтар (асосан барои муайян кардани мабно бо усули триангулятсия) асбобҳои мабноиро истифода мебаранд, ки носаҳеҳии нисбии онҳо хеле кам (1:100000) аст.
Дар геодезия масофасанҷро ба кор мебаранд. Бо ин асбоб дарозии андозашавандаро аз ҳалли секунҷае муайян мекунанд, ки қуллааш дар қонуни асосии қисми пеши объективи дурбини афзор мехобад. Масофасанҷи электрооптикӣ ва радиомасофасанҷ низ мавҷуданд. Масофаи андозашавандаро бо ин асбобҳо аз рӯйи фосилаи вақти рафтуомади мавҷи рӯшноӣ ё радиомавҷ (ки суръати паҳншавии онҳо маълум аст) муайян мекунанд.
Одитарин асбоби муайянкунандаи самт нисбат ба меридиан буссол аст. Дар геодезия барои дақиқ андозагирӣ кардани самт ва кунҷҳо афзори гуногунро истифода мебаранд. Устурлоб, ки пеш аз мелод ихтироъ шудааст, аввалин афзори геодезӣ ба шумор мерафт ва он дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ асбоби маъмул буд. Нимаи дуюми садаи XVI афзори геодезии нав, масалан, пантометр пайдо шуд. Аз садаи XVII дар афзори зовиясанҷ дурбин (1608), микроскоп (1609), верниер (1631), обтарозу (1660) ва ғайра истифода мешуданд, ки онҳо боиси ихтирои афзори асосии зовиясанҷ — теодолит гардиданд. Олими форс-тоҷик Бадеи Устурлобӣ (асри 12) устурлобе сохта буд, ки он асоси афзори геодезӣ — теодолити муосир аст. Яке аз навъҳои теодолит — теодолити Рамсден (1783) мебошад.
Теодолитро дар штатив ё мизи аломати геодезӣ насб карда, андозагирӣ мекунанд. Солҳои 60 садаи XX барои муайян кардани меридиани ҷуғрофиёӣ ба истилоҳ «гиротеодолит» ва олатҳои ёридиҳандаи гироскопиро бо теодолит истифода мебурданд. Носаҳеҳии муайян кардани самтҳо бо гиротеодолит 5-10-ро ташкил медиҳад.
Барои нивелиронӣ асосан нивелирҳои оптикию механикии шуои визирониашон уфуқиро кор мефармоянд. Нахустин бор нивелирро Герони Искандарӣ ва меъмори румӣ Марк Витрувий (асри 1 то мелод) истифода бурдаанд.
Барои аксбардории тарҳҳо сарфи назар аз инкишофи усулҳои аксбардории стереограмметрӣ аксбардории тарҳӣ ё мензулӣ истифода карда мешавад, ки асбоби андозакунандаи асосӣ дар ин маврид мензула ё кипрегел мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Федотов Г. А. Инженерная геодезия. М., 2004;
- Яковлев Н. В. Высшая геодезия. М., 1989.
- Афзори геодезӣ / Н. Давлатов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.