Jump to content

Абраҳам Готтлоб Вернер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абраҳам Готтлоб Вернер
олмонӣ: Abraham Gottlob Werner
Таърихи таваллуд 25 сентябр 1749(1749-09-25)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 июн 1817(1817-06-30)[3] (67 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ конишиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Johann Carl Gehler[d][5]
Шогирдон August Breithaupt[d], Charles Lardy[d], Christian Leopold von Buch[d], Александр фон Ҳумболдт ва Friedrich Mohs[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абраҳам Готтлоб Ве́рнер (олмонӣ: Abraham Gottlob Werner; 25 сентябр 1749[1][2], Osiecznica[d], Silesia Province[d]30 июн 1817[3], Дрезден[4]) — заминшинос ва конишиноси олмонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Академияи кӯҳкории Фрайберг (1771) ва Донишгоҳи Лейпсиг (1769—1974) таҳсил намудааст. Аз соли 1775 аз минералогия ва кӯҳкорӣ дар Академияи кӯҳкории Фрайберг дарс додааст. Таснифоти минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳиро аз аломатҳои зоҳирӣ бо назардошти таркиби кимиёӣ пешниҳод ва тарҳи стратиграфии ташаккули ҷинсҳои кӯҳиро таҳия кард. Геогнозия — илми тавсифотиро дар бораи қисми болоии қишри Замин ва геология — илми назариявиро умуман дар бораи кураи Замин ҷудо карда, пайдоиш ва сохти амиқи онро таъриф дод. Тадҳқиқоти геологиро асосан дар атрофи Фрайберг анҷом медод, ки ин боиси маҳдудият ва яктарафа будани хулосаҳои ӯ гардид. Ба равияи геологӣ — «нептунизм» сарварӣ мекард. Ба ақидаи Абраҳам Готтлоб Вернер ҳамаи ҷинсҳои кӯҳӣ аз бориш дар қаъри уқёнус ва фаъолияти вулканҳо дар натиҷаи сӯхтани ангишт дар қаъри Замин ба амал омада, дар инкишофи он мақоми хосса надоранд. Ӯ имконоти ҳаракати қишри Заминро инкор намуда (баъзан эътироф кунад ҳам), онро танҳо дар шакли фурӯ рафтани он ба холигиҳои зеризаминӣ тасаввур мекард. Асосгузори мактаби геологҳои Олмон буд.