Абсентизм
Абсентизм — ба нишонаи эътироз аз иштирок дар маъракаи интихобот ва овоздиҳӣ саркашӣ кардан.
Дар бисёр мамлакатҳо бо сабаби ғайридемократй гузаштани интихобот ва иродаю манфиати халқро ба эътибор нагирифтани вакилон (намояндагон) шаҳрвандон аз иштирок дар интихобот сар мепечанд. Бо мақсади иштироки интихобкунақдагонро дар интихобот таъмин намудан қонунҳои интихобот чораҳои гуногунро пешбинӣ мекунанд. Масалан, мувофиқи қ.З м.48 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисгон» интихобот дар ҳавзаи якмандатаи интихобот он гоҳ баргузорнашуда ҳисобида мсшавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобку нандагони ба рӯйхат дохилшуда иштирок карда бошанд. Дар асоси қ.2 м.49 ҳамон номзад вакили Маҷлиси намояидагон интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар вақти овоздиҳии такрорй аз номзади дигар, дар сурати дар овоздиҳй иштирок кардани беш аз нисфи шумораи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилгардида миқдори зиёдтари овози интихобкунандагонро гирифта бошад.<ref>Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. Душанбе: ЭР-граф, 2009, — c.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абсентизм // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.