Абтарии Бадахшӣ
Зоҳир
Зодгоҳ: | Бадахшон |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Абтарии Бадахшӣ (асри 16) — шоири форсизабони Ҳиндустон .
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бадахшон ба дунё омада, замони ҳукмронии Акбар (1556 — 1605) ба Ҳиндустон меравад ва ба хидмати дарбор дохил мешавад. Абтарии Бадахшӣ аз шоирони мутасаввиф, мӯътақиди таълимоти Ибни Арабӣ (1165 — 1240) буд. Тазкиранависон дар шеъргӯӣ маҳорату табъи равон доштани Абтарии Бадахширо зикр кардаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз осори ӯ шеърҳои пароканда боқӣ мондаанд, ки онҳо дар маъхазҳои гуногун сабт гардидаанд.
Гуфтӣ: «Вафо кунем ба аҳбоб ё ҷафо?»
Эй шӯх, бандаи сухани аввалем мо.
- * *
Миёни олиму ҷоҳил ҳамин қадар фарқ аст,
Ки ӯ кашидаинон асту ин гусастамиҳор.
- * *
Ҷифаи дунё надорад пеши мо ранге, ки лаъл
Мешавад мурдорсанг аз дасти истиғнои мо.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абтарии Бадахшӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Абдулқодири Бадоюнӣ, Мунтахаб-ут-таворих, ҷ. 3, Калкатта, 1929;
- Ҳусайнқулихони Азимободӣ, Нештари ишқ, ҷ. 1, Д., 1981.