Абуабдуллоҳи Маъсумӣ
Таърихи даргузашт | 1059 |
---|---|
Маҳалли даргузашт | Исфаҳон |
Абуабдуллоҳи Маъсумӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1059, Исфаҳон), — файласуф ва фақеҳи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шогирди Ибни Сино. Илмҳои замонаашро дар зодгоҳаш аз худ карда, пас аз шиносоӣ бо Ибни Сино донишу маҳораташро назди ӯ такмил дод. Ибни Сино дар бораи Абуабдуллоҳи Маъсумӣ гуфтааст, ки ӯ дар назди ман бад-он мақомест, ки Арасту дар назди Афлотун буд. Абуабдуллоҳи Маъсумӣ дар илмҳои табииёт, илоҳиёт ва фиқҳ дониши амиқ ва ҳарҷониба дошт. Пас аз вафоти Ибни Сино ӯ дар Исфаҳон ба таълиму тарбия машғул шуда, шогирдҳои бисёреро ба камол расондааст. Аксари муҳаққиқон мӯътақиданд, ки вақте Берунӣ ба Ибни Сино 18 савол фиристод, Шайхурраис ҷавоби он саволҳоро ба ихтиёри Абуабдуллоҳи Маъсумӣ вогузоштааст. Абуабдуллоҳи Маъсумӣ масъалаҳои мухталифи ҳикмати назарӣ ва амалиро таҳқиқ карда, асарҳои бисёре таълиф намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, ӯ роҷеъ ба ақл, нафс, маод ва афкори файласуфони пешин асарҳо эҷод кардааст. Мутаассифона, ҳатто номи онҳо то ба мо омада нарасидаанд. Ибни Сино «Рисолаи ишқ»-ро дар ҷавоби саволҳои ӯ нигоштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Султонов У., Муосирони Абуалӣ ибни Сино, Д., 1980.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.