Абуалӣ Аҳмад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абуалӣ Аҳмад
Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Музаффар ибни Мӯҳтоҷ
Сипаҳсолори Хуросон

Таваллуд

Чағониён

Даргузашт

955(0955)
Нишопур

Абуалӣ Аҳмад (тав. номаълум, Чағониён955, Нишопур) — маъруфтарин амир аз хонадони Оли Мӯҳтоҷ.

Зиндагинома[вироиш]

Сипаҳсолори Хуросон ва ҳокими Чағониён дар аҳди аморати Наср ибни Аҳмади Сомонӣ. Соли 955 ҳокими Балху Тахористон таъйин гардид, лекин ин вилоётро ба дасти писараш вогузошт. Соли 930 шӯриши амири Хуттал Ҷаъфар ибни Абудовудро пахш кард ва Наср ибни Аҳмади Сомонӣ соли 934 ӯро амир ва сипаҳсолори Хуросон таъйин намуд. Соли 940 Мокони Кокӣ алайҳи Сомониён дар Гургон қиём кард. Абуалӣ Аҳмад сипоҳи ӯро муҳосира ва дар ҷанг Мокон кушта шуд. Абуалӣ Аҳмад Рай, баъдтар вилоёти Ҷиболу Ҳулвонро тасарруф намуд. Аз соли 944 Абуалӣ Аҳмад барои тасарруфи мулкҳои аздастрафтаи Сомониён иқдом кард. Бо вуҷуди талошҳои зиёди ӯ дар Эрони марказӣ амир Нӯҳи Наср ӯро аз аморати Хуросон азл намуд ва ба ҷои ӯ Иброҳими Симҷур ҳоким шуд. Абуалӣ Аҳмад бо кӯмаки Иброҳими Сомонӣ (амаки Нӯҳи Наср) соли 946 ба тасарруфи Марву Бухоро шурӯъ намуд, ки дар натиҷаи он амир Нӯҳ ба Самарқанд ақиб нишаст, лекин баъд аз чанд ҷангҳои шадид барои тахту тоҷ Абуалӣ Аҳмад соли 951 султони Чағониён шуд. Амир Нӯҳ бар асоси тавофуқ ва аҳдномаи тарафайн Абуалӣ Аҳмадро сипаҳсолори Хуросон таъйин карда, Райро низ бо имтиёзоти молиётиаш бар ӯ супурд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]