Jump to content

Абуиброҳим Мунтасир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуиброҳим Мунтасир
Исмоили Мунтасир

Даргузашт 1004 ё 1005
Сулола Сомониён
Падар Нӯҳи II ибни Мансур

Абуиброҳим Мунтасир (Исмоили Мунтасир  ? — 1005, Рудбор, Эрон) — охирин амири сомонӣ аз сулолаи Сомониён.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1000 — 1005 ҳукмронӣ кардааст. Абуиброҳими Мунтасир бародари хурдии ду амири сулолаи Сомониён — Абдулмалик ибни Нӯҳ ва Мансур ибни Нӯҳ аст. Баъди он ки соли 1000 Эликхон амири сомонӣ Абдулмаликро аз аморати Бухоро маъзул намуд, тамоми хонаводаи ӯро асир гирифт, аммо Абуиброҳими Мунтасир аз ҳабс фирор карда, махфиёна ба Хоразм рафт ва он ҷо сарварон ва сипоҳиёни парокандаи сомониро дар атрофи худ гирд овард. Минбаъд лақаби «Мунтасир» — ғалабаоварро соҳиб шуд. Сарлашкарони Абуиброҳими Мунтасир Арслони Болу ба Бухоро тохта, дар як шабохун тарафдорони Эликхонро аз шаҳр ронд. Абуиброҳими Мунтасир ба Бухоро баргашт ва аз тарафи мардум хуш истиқбол гардид. Эликхон аз пирӯзии Абуиброҳими Мунтасир огоҳӣ ёфта дубора бо лашкараш озими Бухоро шуд. Абуиброҳими Мунтасир ва Арслон сипоҳиёни худро аз Ҷайҳун гузаронда ба тарафи Абевард ва сипас ба Нишопур ақиб нишастанд. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ сӯи Нишопур ҳаракат кард ва Абуиброҳими Мунтасир ба Гургон назди Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмгир паноҳанда шуд. Сипас Абуиброҳими Мунтасир ба Рай рафт ва аз он ҷо дигарбора бозпас Нишопурро соҳиб шуд. Ин бор Наср ибни Сабуктегин — бародари Маҳмуди Ғазнавӣ бо ёрии бародараш Абуиброҳими Мунтасирро шикаст дода то ҳудуди Гургон ронд. Пас аз ҳарбҳои пайдарпай дар наздикии Чоҳи Ҳуммоди биёбони Омулшатт Абуиброҳими Мунтасир ғофилгир шуд ва дар ҳалқаи муҳосираи туркон афтода, бо ҳамроҳонаш асир гашт ва ба Узганд фиристода шуд, вале дар манзилгоҳи Ибни Буҳайҷи араб ба биёбони Марв гурехт. Абуиброҳими Мунтасир рабеъулаввали (январи) 1005 аз тарафи Абуабдуллоҳи Моҳрӯй, ки бундори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буд, ба қатл расид ва кӯшишу саъйи Абуиброҳими Мунтасир барои барқарор намудани ҳокимияти сулолаи Сомониён муваффақият пайдо накард. Абуиброҳими Мунтасир ба илму адаб ҳам дилбастагии наздик дошта, шеърҳои некӯ эҷод кардааст, ки қисме то даврони мо расидаанд.

  • Фрай Р. Н., Сомониён.// Таърихи Эрон аз зуҳури ислом то омадани давлати Салҷуқиён. Аз фурӯпошии давлати Сосониён то омадани Салҷуқиён, мутарҷим Ҳасани Анӯшасри Т., 1380;
  • Ноҷӣ Муҳаммадризо, Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён, Т., 2007;
  • Негматов Н., Государство Саманидов (Мовераннахр и Хорасан в IX—X веков), Д., 1977.