Абуисҳоқи Ҷӯйборӣ
Иброҳим ибни Муҳаммад | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Абуисҳоқи Ҷӯйборӣ (Иброҳим ибни Муҳаммад; (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 10).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Доир ба ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти шоирии ӯ дар тазкира ва асарҳои адабию таърихӣ маълумот хеле кам аст. Бино ба маълумоти Муҳаммад Авфии Бухороӣ, («Лубоб-ул-албоб»), вай аз мардуми Ҷӯйбор ном маҳаллаи Бухоро буда, дар замони ҳукмронии Сомониён зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бо касби деҳқонӣ зиндагиашро таъмин менамудааст.
Ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо абр пинҳон кард офтоби тобонро,
Ба сабза бинҳуфт он лолабарги хандонро.
Ба сӯи ҳарду маҳаш бар ду шох райҳон буд,
Ба шохи мӯрд бипайваст шохи райҳонро.
Буте, ки хастадилонро ба бӯса дармон аст,
Дареғ дорад аз ин дарддида дармонро.
Ба абри найсон монам кунун ман аз ғами ӯ,
Сазад, ки санъати хуб аст абри найсонро.
Ба як гузар, ки саҳаргоҳ бар гулистон кард,
Биҳишт кард саросар ҳама гулистонро.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, Т., 1333 ҳ. ш.;
- Саид Нафисӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, тоҷик 1344, ҳ. ш.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.