Jump to content

Абулаббоси Марвазӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулаббоси Марвазӣ
Таърихи даргузашт: 810-ум
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Абулаббоси Марвазӣ (Аббоси Марвазӣ ; ? — 810/15, Марв) — шоири зуллисонайн ва аз бузургзодагону донишмандони аҳли Хуросони Бузург, яке аз нахустин қасидасароёни форсизабони баъдазисломӣ.


Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» Ризоқулихони Ҳидоят Абулаббоси Марвазиро дуюмин шоири форсизабони баъдиисломӣ дониста, зикр менамояд, ки соли 809, ҳангоми ба Марв омадани халифаи араб Абулаббос Абдуллоҳ Маъмун (796833) дар мадҳи ӯ ба забони форсӣ шеъре навишта тақдим карда будааст.

Аз мероси адабии Абулаббоси Марвазӣ то замони мо ҳамагӣ 4 байти як қасида боқӣ мондааст:

Ай расонида ба давлат фарқи худ бар Фарқадайн,
Густаронида ба фазлу ҷуд дар олам ядайн.
Мар хилофатро ту шоиста чу мардум дидаро,
Дини Яздонро ту боиста чу рухро ҳар ду айн.
Кас ба-д-ин минвол пеш аз ман чунин шеъре нагуфт,
Мар забони порсиро ҳаст то ин навъ байн!
Лек аз он гуфтам ман ин мидҳат туро то ин луғат,
Гирад аз мадҳу санои ҳазрати ту зебу зайн.

  • Заҳрои Хонларӣ, Раҳнамои адабиёти форсӣ, Т., 1340 ҳ. ш.