Jump to content

Абулаббоси Сайёрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулаббоси Сайёрӣ
Қосим ибни Абдуллоҳ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: фақеҳ, муҳаддис
Таърихи таваллуд: 876(0876)
Зодгоҳ: Марв
Таърихи даргузашт: 952(0952)
Вироиши Викидода

Абулаббоси Сайёрӣ (Қосим ибни Абдуллоҳ, 876 Марв, — 952, Марв) — фақеҳ, муҳаддис ва мутасаввифи тоҷик, муассиси силсилаи тасаввуфии сайёрия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷараёни зиндагӣ ва орои ӯро хоҳарзодааш Абдулвоҳид ибни Алии Сайёрӣ нақл намудааст. Мувофиқи он Абулаббоси Сайёрӣ дар оилаи сарватманд ва аҳли илм таваллуд шудааст. Тибқи иттилои Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» ӯ пас аз даргузашти падараш дороии бисёреро, ки барояш ба ирс расида буд, ба ду тори мӯи Пайғамбари акрам (с) иваз намуда аз баракиёти он тавфиқ ёфтааст. Бино ба маълумоти «Кашф-ул-маҳҷуб» Абулаббоси Сайёрӣ дар Марв мақоми баланд дошт, вале ба ин нигоҳ накарда ҳаёти суфиёнаро пеш гирифт. ӯ муриди Шайх Абубакри Воситӣ буд ва аксари ақидаҳои муршидаш ба воситаи ӯ то ба рӯзгори мо омада расидаанд. Худи Абулаббоси Сайёрӣ навишта, ки агар бо Абубакри Воситӣ мулоқот намекард, маҷусӣ аз ин дунё реҳлат мекард. Ҳамчунин нақл шуда, ки Воситӣ нахустин сӯфие буда, ки барои марвиён мақомоту аҳволи тааввуфро таълим додааст. Абулаббоси Сайёрӣ ҳамчунин дар маҳфилу ҷамъомадҳои бузурги муҳаддисон фаъолона ширкат мекард ва ҳамчун муҳаддис низ шуҳрат ёфта буд. ӯ дар натиҷаи кӯшиши бисёр дар назарияву амалияи тасаввуф даст ёфт ва дар ин соҳа ба мартабаи баланд расид. Тариқати ӯ бештар ба ҳифзи мабонии шариат асос ёфта буд ва дар зӯҳду риёзат низ ном баровард. Абулаббоси Сайёрӣ асҳоби саҳв буд, суқрро дар ибтидои ҳоли суфӣ ҷоиз медонист, ки дар интиҳо бояд ба тамкин табдил меёфт. Ҳаҷвирӣ Абулаббоси Сайёриро тарафдори мазҳаби ҷабария медонад ва муаллифи «Кашф-ул-маҷҳуб» гуфтааст, ки вай «каломи олӣ ва тасонифи сутуда» дорад. Тарафдори ҷабария будани ӯ аз чунин суханонаш бармеояд: «Инсон чӣ гуна метавонад тарки гуноҳ кунад, ки ин гуноҳ дар „лавҳи маҳфуз“-и ӯ навишта шудааст». Роҷеъ ба масоили тавҳид низ асаре таълиф намудааст, ки то ба рӯзгори мо омада нарасидааст.

Баъди маргаш ҳамон хоҳарзодааш тариқати ӯро бо номи сайёрия идома дод. Дар Марву Нисо пайравони бисёре пайдо кард. Байни пайравонаш роҷеъ ба баъзе масъалаҳои таълимоти тасаввуфӣ ихтилоф ба вуҷуд омада буд, ки бино ба маълумоти Чуллобии Ҳаҷвирӣ ба тавассути мубоҳисаву мукотиба рафъ гардида будааст. Абулаббоси Сайёрӣ дар масъалаи мушоҳида, ки яке аз рукнҳои асосии маърифати тасаввуфӣ мебошад, назари хос дошт. Асосҳои тариқати Абулаббоси Сайёриро «ҷамъ» ва тафриқа ташкил медоданд. Натиҷаи аввалӣ ба фикри ӯ солиқро ба «фано» ва натиҷаи дуюмӣ ба «бақо» оварда мерасонд. Эҷодиёти Абулаббоси Сайёрӣ ба инкишофи афкори ирфонӣ, махсусан бахши маърифатии он ба суфиёни Хуросон таъсири фаровон доштааст.

  • Ҷомӣ Абдурраҳмон ибни Аҳмад. Нафаҳот-ул-унс, Т., 1336;
  • Ҳаҷвирӣ Алӣ ибни Усмон. Кашф-ул-маҳҷуб. Л.,1926;
  • Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 5, Т., 1385.