Абулайюби Надимӣ
Абулайюби Мадинӣ | |
Таърихи таваллуд | 848 |
Зодгоҳ | деҳаи Ҷаҳрам, Хуросон |
Таърихи даргузашт | 897 |
Маҳалли даргузашт | деҳаи Ҷаҳрам, Хуросон |
Пеша(ҳо) | сароянда, навозанда, мусиқишинос |
Абулайюби Надимӣ (Абулайюби Мадинӣ; 848, Хуросон — 897, ҳамон ҷо) — навозанда, овозхон ва мусиқишиноси форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулайюби Надимӣ дар оилаи санъатвару донишманд ба дунё омада, таълими ибтидоии мусиқӣ, махсусан сознавозиву сурудхонӣ ва асосҳои назариявии мусиқиро низ аз падараш омӯхтааст. Баъдтар барои такмили дониш ба Бағдоду Мадина, Димишқ ва марказҳои фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон сафар карда, бо аҳли фарҳангу санъат, таълифоти илмии соҳаи мусиқии юнониён ва тафсирҳои арабии илми мусиқӣ шинос мешавад. Сипас, сарварии яке аз мактабҳои мусиқии Бағдодро ба уҳда мегирад. Абулайюби Надимӣ дар таълими назария ва амалияи илми мусиқӣ сабку равияи хос дошта, бо бисёр ҷиҳатҳои таълими масоили назариявию амалии дигар мактабҳои мусиқии он давр, аз ҷумла мактаби мусиқии Мадина ва мактаби мавасилиҳо (Иброҳими Мавасилӣ, Исҳоқи Мавасилӣ, Ҳомиди Мавасилӣ) мухолиф будааст. Эроду дархостҳои илмиашро вобаста ба ин мавзӯъ дар рисолаҳои илмиаш «Китобу-н-нағам ва-л-иқоъ» («Китоби сурудҳо ва зарбҳои мусиқӣ») ва «Китобу-т-тарранум» сареҳан овардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулайюби Надимӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Раҷабов А., Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мксиқии замони Рӯдакӣ, Д., 2008.
- Абулфараҷ Исфаҳонӣ, «Китоб-ал-оғонӣ». — Миср, 1900—1905;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1. — Душанбе,1988;
- Раджабов А. Из истории раз-в.тадж.муз.культуры в V-ҶII вв. — Душанбе,1982.