Абулфатҳ
Абулфатҳ Абдурраҳмони Искандарӣ | |
Таърихи даргузашт | 1165 |
Абулфатҳ Абдурраҳмони Искандарӣ (? — 1165) — сайёҳ ва ҷуғрофидони араб.
Мероси илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи луғати географии «Китоб-ул-амкина ва-л-миёҳ ва-л-ҷибол ва-л-осор ва наҳваҳа-л-мазкура фӣ-л-ахбор ва-л-ашъор» («Китоб доир ба маконҳо, обу кӯҳу ёдгориҳо ва ғайра, ки дар ривояту шеърҳо зикр шудаанд»). Дар китоб шарҳи номи қариб 3000 мамлакату вилоят, шаҳру қасаба, баҳру дарё, дашту кӯҳ, қалъаву работ ва ғайра мувофиқи қоидаи қадимаи таснифоти ҷуғрофӣ ба «ҳафт иқлим» омадааст. Инчунин маълумоти нодири таърихӣ ва намунаҳо аз адабиёт илова шудааст. Зимни маълумот оид ба кишварҳои Шарқи Миёнаву Наздик ва Осиё, дар асар номҳои географӣ ва татствири шаҳрҳову вилоятҳо, дарёю воҳаҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Марв, Фарғона, Хоразм низ зикр ёфтаанд, ки қимати илмӣ ва таърихиашон барои мо муҳим аст. Луғат баъдтар аз тарафи Абумусо Муҳаммад ибни Умари Исфаҳонӣ (вафот 1185) ва Абубакр Муҳаммад ибни Мусои Ҳозимӣ (вафот 1188) таҳриру такмил шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулфатҳ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.