Jump to content

Абулфатҳи Сиҷзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулфатҳи Сиҷзӣ
Таърихи таваллуд 954(0954)
Таърихи даргузашт 1024(1024)

Абулфатҳи Сиҷзӣ ибни Аҳмад (тақрибан. 9541024) — шатранҷбоз, файласуф, мунаҷҷим ва риёзидон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулфатҳи Сиҷзӣ аз шарҳи ҳоли худ хабар дода, мегӯяд: «Ман, ки Абулфатҳи Сиҷзиам, дар шатранҷ дасти тамом доштам ва аз он вақт, ки 15-сола будам, то кунун дар муддати 50 сол дар Хуросон, Ироқ, Ғазнин ва Ҳиндустон бигаштам ва ҳеч кас надидам, ки дар ин санъат беҳ аз ман донист ё бо ман баробарӣ тавонист». Маълум мегардад, ки Абулфатҳи Сиҷзӣ дар шоҳмотбозӣ аз забардастони замони худ будааст.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи «Китоби шатранҷ». Нусхаи қадимии ин асар (бештар аз 300 саҳифаи) соли 1313 ҳазор дар Бухоро рӯнавис шудааст, ки он ҳоло дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст. Абулфатҳи Сиҷзӣ дар аввали китоб ақидаҳои фалсафию иҷтимоии худро баён намуда, дар хусуси фазилатҳое, ки шатранҷ дар асоси онҳо бино ёфтааст, ҳикматҳое, ки дар ин бозии зебо ниҳон аст, дар бораи одоби бозӣ ва ғайра мухтасар маълумот медиҳад.

Инсон аз назари Сиҷзӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулфатҳи Сиҷзӣ инсонро пурқиматтарини мавҷудоти олам дониста, омӯхтани бозии шатранҷро воситаи равшан кардани фикру зеҳн ва тақвияти ақлу дониши он мешуморад. Дар хусуси таърихи пайдоиши шатранҷ сухан ронда, устодон ва муқаддимони ин санъатро ном мегирад. ӯ дар асоси маъхазҳои қадимӣ ба чунин хулоса меояд, ки шатранҷ аз ихтирои ҳиндуён набуда, балки онро дар садаи VI ба Ҳиндустон аз Эрон бурда, тағйир медиҳанд ва дар он ҷо шатранҷи ҳиндӣ ба вуҷуд меояд, ки бо шашхол бозӣ карда мешудааст.

Навъҳои шохмотбозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулфатҳи Сиҷзӣ дар бораи шоҳмотбозони замони худ ва олияҳои (гроссемейстерҳои) пешин, навъҳои бозии шатранҷ, аз ҷумла бозӣ бо шергӯӣ, ки шеърҳо ба рафти бозӣ алоқаманданд, бозӣ бо ҳисоби математикӣ, дар хусуси қимати (қуввати нисбии) ҳар муҳра дар рӯи натъ (тахтаи шоҳмот) маълумот медиҳад. Дар асар 10 таъбия (дебют), бештар аз 250 мансуба (этюд, масъала) ва бисёр намунаҳои наводири шатранҷ оварда шудаанд, ки онҳо дар 308 диаграмма акс ёфтаанд. Дар мавзӯъи шоҳмот 96 рубоӣ, 3 қасида ва байтҳои бисёр, аз ҷумла 179 байти Абусуҳайл Муҳаммад ибни Алии Бадоеъ гирд оварда шудааст. Ин асари Абулфатҳи Сиҷзӣ дар Осиёи Миёна чун қомуси шоҳмот дар тӯли асрҳо хидмат кардааст. Қимати ин асар дар он аст, ки бештари маълумоташ дар маъхазҳои қадимии арабӣ (Сулӣ, Ибни Надим) дида намешаванд ва дар асоси ахбори муаллифони Хуросон ва Мовароуннаҳр таҳрир ёфта, чигунагии бозии мардумони ин ноҳияро равшан мекунад. Чунончи, дар хусуси Абурайҳони Берунӣ, ки аз ҳамасрони ӯст, гуфтааст: «Хоҷа Ҳаким Абурайҳон, ки дар ислом ҳакиме чун ӯ набудааст, он чӣ ӯ дар арсаи шатранҷ сохта, ба ҷумлаи мардумон овардааст, некӯтар ва аҷибтар аз он ҳама, ки пеш аз вай будаанд ва қиссаест, ки ин аз ҷумлаи тилисмот аст».