Абулфидо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулфидо Исмоил
ар. إسماعيل بن علي بن محمود بن مُحمَّد بن عُمر بن شاهنشاه الأيُّوبي
أبوالفداء.jpg
Таърихи таваллуд: ноябри 1273
Зодгоҳ: Димишқ
Таърихи даргузашт: 27 октябр 1331 (57 сол)
Маҳалли даргузашт:
Фазои илмӣ: фалсафаи исломӣ, ҷуғрофиё ва таърихи ислом[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Абулфидо Исмоил (1273, Димишқ — 27 октябри 1331, Ҳамо) — донишноманависи араб, таърихдон, ҷуғрофиёдон; аз авлоди амирони Айюбиёни Ҳамо (Сурия).

Асарҳои илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои машҳуру маъмултарини Абдулфидо инҳоанд 1) «Ал-мухтасар фӣ таърих-ил-башар». Ин асар ҳодисаҳо, рӯйдодҳо ва воқеаҳои то соли 1329-ро, ки аксаран аз қисмҳои кӯтоҳкардашудаи китоби таърихии Ибни Асир — «Ал-Комил фӣ-т-таърих» гирифта шудаанд, дар бар гирифтааст. 2) «Тақвим-ул-булдон» (дар қисмати аввали он маълумот оид ба замин , ҳафт иқлими он, баҳру дарёҳо ва кӯҳҳо; дар қисмати дуюм маълумот оид ба Хоразм ва Мовароуннаҳр дода шудаанд). 3) «Таърихи Абулфидо», воқеаҳои таърихии ҳамон замонро то соли 1329 дар бар гирифтааст. Абдулфидо оид ба илми фиқҳ низ китобе бо номи «Ал-Ҳовий» навиштааст. Асараш «Тақвим-ул-булдон» қисман ба забони русӣ тарҷума шудааст (1891, Қазон).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]