Абулфидо Исмоил
Абулфидо Исмоил | |
---|---|
ар. إسماعيل بن علي بن محمود بن مُحمَّد بن عُمر بن شاهنشاه الأيُّوبي | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | ноябри 1273 |
Зодгоҳ: | Димишқ |
Таърихи даргузашт: | 27 октябр 1331 (57 сол) ё 1331[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Фазои илмӣ: | фалсафаи исломӣ, ҷуғрофиё ва history of Islam[d] |
![]() | |
![]() |
Абулфидо Исмоил (1273, Димишқ — 27 октябри 1331, Ҳамо) — олими энсиклопедиянигори араб, таърихдон, географ; аз авлоди амирони Айюбиёни Ҳамо (Сурия).
Асарҳои илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Асарҳои машҳуру маъмултарини Абдулфидо инҳоанд 1) «Ал-мухтасар фӣ таърих-ил-башар». Ин асар ҳодисаҳо, рӯйдодҳо ва воқеаҳои то соли 1329-ро, ки аксаран аз қисмҳои кӯтоҳкардашудаи китоби таърихии Ибни Асир — «Ал-Комил фӣ-т-таърих» гирифта шудаанд, дар бар гирифтааст. 2) «Тақвим-ул-булдон» (дар қисмати аввали он маълумот оид ба замин , ҳафт иқлими он, баҳру дарёҳо ва кӯҳҳо; дар қисмати дуюм маълумот оид ба Хоразм ва Мовароуннаҳр дода шудаанд). 3) «Таърихи Абулфидо», воқеаҳои таърихии ҳамон замонро то соли 1329 дар бар гирифтааст. Абдулфидо оид ба илми фиқҳ низ китобе бо номи «Ал-Ҳовий» навиштааст. Асараш «Тақвим-ул-булдон» қисман ба забони русӣ тарҷума шудааст (1891, Қазон).
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Library of the World's Best Literature / зери таҳрири C. D. Warner
- ↑ German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #118500333 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Абулфидо Исмоил // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.