Абулфутӯҳи Розӣ
Намуди зоҳирӣ
| Абулфутӯҳи Розӣ Ҳусайн | |
|---|---|
| Иттилооти инфиродӣ | |
| Касб, шуғл: | илоҳиётшинос, муфассир, нависанда |
| Таърихи таваллуд: | 1087 |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 1157 ё 1131 |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Кишвар: | |
| Эътиқод: | ислом ва шиъа |
| Самти фаъолият: | илоҳиёт ва тафсир |
| Маълумот: | |
| Ҷойи кор: | Рай |
| Шогирдон: | Ибни Шаҳрошӯб |
| Осор: | |
Ҷамолуддин Абулфутӯҳ Ҳусайн ибни Аҳмади Нишопурӣ мулаққаб ба (1087, Рай, Устони Теҳрон[1] — 1157 ё 1131, Рай, Устони Теҳрон[1]) — яке аз намояндагони машҳури фалсафаи калом ва муфассири машҳури садаи X.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Авлодаш аслан сокини шаҳри Рай буда, баъдан ба Нишопур муҳоҷират кардааст. Асару тафсирҳои бисёре дорад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо тафсирҳои машҳури Абдулфутӯҳи Розӣ «Рӯҳ-ул-ҷинон» ва «Шиҳоб-ул-ахбор» мебошанд. Дар тафсирҳояш бисёр масъалаҳоро аз нуқтаи назари фалсафаи калом шарҳ додааст. Фахруддини Розӣ дар «Тафсири кабир»-и худ аз асарҳои Абдулфутӯҳи Розӣ истифода кардааст. Ду ҷилди тафсири Абдулфутӯҳи Розӣ дар замони Музаффар – шоҳи Қоҷор ва се ҷилди дигараш дар аҳди Ризошоҳи Паҳлавӣ дар Эрон ба табъ расидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 Deutsche Nationalbibliothek Record #142562912 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулфутӯҳи Розӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2026, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.