Ибни Абисодиқ
Зоҳир
(Тағйири масир аз Абулқосим Абдурраҳмон)
Таърихи таваллуд | 995 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1068 |
Кишвар | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абулқоси́м Абдурраҳмо́н ибни Алӣ ибни Абусодиқ (форсӣ: ابوالقاسم عبدالرحمن بن علی بن ابی صادق نیشابوری; 995, Нишопур — 1068) — файласуф ва пизишки машҳури форс-тоҷик, шогирди Ибни Сино, муаллифи «Ҳаллу-ш-шукули-р-Розӣ ъало кутуби-л-Ҷолинус».
Абулқосим Абдурраҳмон ба асарҳои Ҷолинус (Гален) «Китоб-ул-манофеъ-ил-аъзо» («Китоб доир ба манфиати узвҳои инсон»), Ҳусайн ибни Исҳоқ «Ки-тоб-ул-масоил фи-т-тиб» («Китоби масъалаҳои тиб»), Буқрот (Гиппократ) «Китоб-ул-фусул» («Китоби фаслҳо») ва «Китоб-ут-тақдимат-ул-маърифат» («Китоб дар бораи пешогоҳӣ») шарҳ навиштааст. Ба ғайр аз шарҳҳои мазкур, асарҳои фалсафӣ низ дорад, ки яке аз онҳо «Ҳал-уш-шукук-ир-Розӣ ало кутуб-ил-Ҷолинус» мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулқосим Абдурраҳмон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.