Ибни Абисодиқ
Зоҳир
![]() | |
Таърихи таваллуд | 995 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1068 |
Кишвар | |
![]() |
Абулқоси́м Абдурраҳмо́н ибни Алӣ ибни Абисодиқи Нишопурӣ (форсӣ: ابوالقاسم عبدالرحمن بن علی بن ابی صادق نیشابوری; 995, Нишопур — 1068) — файласуф ва пизишки машҳури форс-тоҷик, шогирди Ибни Сино ва устоди Исмоили Ҷурҷонӣ.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулқосим Абдурраҳмон ба асарҳои Ҷолинус «Китобу-л-манофеъ-ил-аъзо» («Китоб доир ба манфиати узвҳои инсон»), Ҳусайн ибни Исҳоқ «Китобу-л-масоил фи-т-тиб» («Китоби масъалаҳои тиб»), Буқрот «Китобу-л-фусул» («Китоби фаслҳо») ва «Китобу-т-тақдимату-л-маърифат» («Китоб дар бораи пешогоҳӣ») шарҳ навиштааст. Ба ғайр аз шарҳҳои мазкур, асарҳои фалсафӣ низ дорад, ки яке аз онҳо «Ҳалу-ш-шукуки-р-Розӣ ало кутуби-л-Ҷолинус» мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулқосим Абдурраҳмон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Ибни Абиссодиқ / С. Шаҳобуддинов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.