Jump to content

Абулқосим (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулқосим
Навъи фаъолият: шоир

Абулқосим (ном ва таваллуд номаълум) — шоир ва табиби тоҷик (асри 16).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш Мавлоно Дарвеш Ҳусайнӣ табиби хосаи Алишери Навоӣ буд. Мувофиқи маълумоти «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисорӣ Абулқосим ҷузъиёти илми тиб ва дигар илмҳои расмии даврашро аз худ карда буд. Баробари ин Абулқосим дар шоирӣ даст дошта, дар навъҳои гуногуни адабӣ шеър мегуфтааст. Аз осораш намунаҳои кам тавассути тазкираи Нисорӣ боқӣ мондаанд.

Абёти зерин аз ӯст:

Надорӣ боварам, эй лоларухсор,

Ки гаштам дар ғами ишқи ту бемор.

Баски девонаам аз ҳаҷри рухи ёр имшаб,

Мекунам нолаву фарёд мани зор имшаб.

  • Каримов У., Адабиёти тоҷик дар асри XVI, Д., 1985;
  • Ҳамон муалл., Литературно-исторические источники и основные тенденции таджикской литературы XVI века, Д., 2000.