Абулҳавл
Абулҳавл (ар. أبو الهول), Сфинкс (юн.-қад. Σφίγξ, Σφιγγός) — ҳайкали бузурги махлуқи хаёлӣ (рӯҳи муҳофиз, таҷассумкунандаи ҳокимияти шоҳӣ), ки танааш ба шер ва сараш ба сари одам ё ҳайвони муқаддас монанд тасвир ёфтааст. Яке аз бузургтарин Абулҳавлҳо дар Ҷиза наздикии аҳроми Хефрен (асри 28 то м.) воқеъ аст, ки бараш 17 м ва баландиаш 38 м мебошад;
Абулҳавл дар асотири Юнони Қадим
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар асотири Юнони Қадим ҳайкали зани хаёлӣ, ки ҷисмаш шермонанду болдор аст. Абулҳавл гӯё дар даромадгоҳи Фива ҷойгузин шуда, роҳгузаронеро, ки ба чистони ӯ ҷавоб гуфта наметавонистанд, қатл мекардааст (чистон ин зайл буд: «Он чист, ки субҳ чорпоя роҳ меравад, рӯзона бо ду по ва бегоҳӣ бо се пой»). Танҳо Эдип, ки аз он ҷо мегузашт, ҷавоби чистонро дарёфт. Зан худро мағлуб дониста, аз қулла ба зер афканд ва аз тарафи Эдип ба қатл расонида шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.