Абулҳасани Насавӣ
форсӣ: ابوالحسن علی بن احمد نسوی | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 1010[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тақрибан 1075[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ |
Роҳбари илмӣ | Ҳушёри Гелонӣ |
Абулҳасани Насавӣ (форсӣ: ابوالحسن علی بن احمد نسوی; тақрибан 1010[1], Нисо[d], Устони Хуросон, Давлати Бувайҳиён[d][1] — тақрибан 1075[1], Бағдод, Хилофати Аббосиён[1]) — риёзидони форс-тоҷик (асри 11).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар сарчашмаҳо бо шакли навишти арабии Абу-л-Ҳасан Алӣ ибн Аҳмад ан-Насавӣ вомехӯрад. Абулҳасани Насавӣ шогирди Ҳушёри Гелонӣ (Ҷилӣ) буд. Фаъолияти илмиаш асосан дар шаҳрҳои Рай ва Исфаҳон дар дарбори султони сулолаи Бувайҳиён Маҷдуддавла ва дар шаҳри Ғазна дар дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ ва ғазнавиён ва баъди барҳамхӯрии салтанати ғазнавиён боз дар Исфаҳон дар замони салтанати салҷуқиён гузаштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Рисолаҳои зерин намунаҳо аз осори ӯст:
- «Китоб ал-ишбоъ фӣ шарҳ аш-шакл ал-қитъа» («Китоб дар бораи фаҳмондадиҳии шакли қитъаҳо»),
- «Рисола фӣ маърифат ат-тақвим ва-л-устурлоб» («Рисола дар маърифати тақвим ва устурлоб»).
Рисолаи «Ал-муқнӣ фӣ-л-ҳисоб ил-ҳиндӣ» («Мукаммал дар бораи ҳисоби ҳиндӣ») ба забони форсӣ таълиф гардида, сипас ба арабӣ тарҷума шудааст. Нусхаи арабии он ҳоло дар китобхонаи Лейден маҳфуз аст. Рисола аз 4 боб иборат буда, дар он дар бораи амалҳо бо ададҳои бутун, касрӣ, касрҳои омехта ва ҳисоби шастӣ сухан меравад. Абулҳасани Насавӣ усули содатарини аз решаҳои квадратӣ ва кубӣ баровардани ададро пешниҳод кард, ки математикони аврупоӣ П. Руффинӣ (1804) ва У. Горнер (1819) онро такмил додаанд. Абулҳасани Насавӣ ба асарҳои олимони Юнони Қадим Менелай ва Архимед шарҳ навиштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулҳасани Насавӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.