Jump to content

Абулҳасани Шозилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулҳасани Шозилӣ
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 1196(1196)
Таърихи даргузашт: 1258(1258)
Вироиши Викидода

Абулҳасани Шозилӣ Алӣ ибни Абдуллоҳ, мулаққаб ба Тоҷуддин (1196, Ғаммораи Тунис1258, саҳрои Айзоби Миср) — мутасаввифи машҳури араб, муассиси силсилаи шозилия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Айёми ҷавониаш дар Миср гузашта, баъд муқими ш. Шозилияи Тунис шуд. Аввал ба омӯхтани улуми шаръӣ пардохта, сипас ба тасаввуф гароид. Абулҳасани Шолизӣ хонақоҳнишин набудааст ва одобу тариқати хосе ҳам бунёд накардааст, вале муридонаш минбаъд аз рӯи асарҳои ӯ тариқати хосеро ба роҳ монда, онро ба Абулҳасани Шолизӣ нисбат додаанд. Абулҳасани Шолизӣ асарҳои бисёр дорад, ки муҳимтаринашон «Ҳизб-ул-фатҳ», «Ҳизб-ун-наср», «Ҳизб-ул-кабир» ва «Китоб-ул-ахавот» мебошанд. Асоси таълимоташ суханони баланди орифона ва мақсади ороаш вусул ба мақоми фано буд. Ба муридонаш одоби тариқатро омӯхта, ба назди шайхони дигар рафтанашонро ҷоиз медонист. Тариқаташ дар садаи XIX аз нав ривоҷ ёфт ва ҳоло пайравонаш дар Истамбул фаъолият доранд.