Абулҳасан Алии Наҷҷор
Зоҳир
Зодгоҳ | Озарбойҷон |
---|---|
Пеша | дуредгарӣ |
Фарзанд | Хоқонӣ |
Абулҳасан Алии Наҷҷор (? — қарни XII) — наҷҷор ва ҳунарманди форс-тоҷик, падари Хоқонии Шервонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз устодони забардасти санъати наҷҷории (дуредгарии) давраш ба шумор мерафт. Зодгоҳаш деҳаи Малҳами Озарбойҷон аст. Падари шоир Хоқонӣ. Ороиш ва нақшу нигори бисёре аз сақфу пештоқи хонаву айвонҳо, сутунҳо, дару дарвозаи мадрасаву масҷидҳои диёраш амали ӯст. Хоқонӣ дар як қасида ва маснавии «Туҳфату-л-Ироқайн» санъат, ҳунар ва маҳорати наҷҷории падарашро васф кардааст:
- Сонеи зарринамал, пири саноат Алӣ,
- К-аз Яди Байзо гузашт дасти амалрони ӯ.
- Шайхи муҳандислақаб пири дуредгар Алӣ,
- К-Озару Уқлидусанд оҷизи бурҳони ӯ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алии Наҷҷор Абулҳасан // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.