Хоқонии Шервонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Хоќонии Шервонӣ шоири бузурги муҳити адабии Шервоншоҳон аст. Соли 1120 дар Шервон таваллуд шудааст. Номаш Бадал, номи падараш Алӣ ва лаќабаш Афзалиддин мебошад. Падараш дуредгар ва модараш ресмонрес будаанд. Модараш Аслан аз насрониёни Рум ва ба тариќи каниз ба тарафҳои Озарбойҷон афтода будааст. Хоќонӣ ханӯз дар хурдсолӣ аз парастории падар бенасиб монда ва дар тарбияи амаки фозилаш Кофиддини Умар бинни Усмон калон мешавад. Пас аз касби камол ба хизмати дарбори Манучеҳри Шервоншоҳ мешавад. Дере нагузашта аз хизмат дилгир мегардад. Вале ҳокими нави Шервоншоҳон – Ахтисон намегузошт, ки ӯ аз дарбор равад. Пас Хоконӣ пинҳонӣ аз дарбор гурехта ба Рай меояд, аммо Шервоншоҳ бохабар шуда, ба ҳокими Рай мактуб навишта Хокониро аз нав ба Шервон меорад. Хоконӣ охирон бо баҳонаи сафари Арабистон аз муҳити тираи дарборӣ наҷот меёбад. Дар роҳи бозгашт аз Арабистон ӯ ду асари машҳури худ «Тӯҳфатулироќайн» ва ќасидаи «Айвони Мадоин»-ро менависад. Хоќонӣ ваќте ки ба Шервон бармегардад, ӯро боз ба дарбор даъват мекунанд, вай боз мегурезад. Ин дафъа ҳукуматдор шоири гарданпечро пас аз дастгир кардан таҳкир намуда ва дар ќалъаи Шоброн ҳабс месозад. Дар ҳабс Хоќонӣ азоб мекашад, шикоят мекунад ва аз Шервоншоҳон танаффур намуда, бо ќасидаи «Фалак каҷравтар аст аз хатти тарсо» барои ёрӣ ба императори Византия – Андроник Комнен муроҷиат мекунад. Ва бо мадади ин шахс пас аз ҳафт моҳ аз ҳабс озод мегардад. Пас аз ин Хоќонӣ бо табаддулоти фикрӣ, яъне бо танќиди шоҳону дарбори онҳо ва ташвиќи фикри озод рӯзгор мебурд. Дар Шервон ҳамоно тазъиќу фишор медид. Бинобар ин бо аҳли оилааш кӯчида ба Табрез омад ва ин ҷо соли 1190 вафот кард. Аз Хоќонӣ девони бузурги шеър ва маснавии «Тӯҳфатулироќаин» боќӣ мондаанд. Дар ќасидаҳои ӯ, ки дар девонаш зиёданд, тасвири рӯйдодҳои таърихӣ ва иҷтимоию сиёсӣ ниҳоят бисёранд. Хоќонӣ шоҳиди ҳодисаҳои замон буд. Аз шароити номусоиди мамлакат, нобаробарию зулму фитнаҳо ва касифии аҳволи халќ ба фиѓон меомад ва бар зидди онҳо ва тарафдории бечорагон сухан меронд. Масалан, ӯ дар яке аз барҷастатарин ќасидаҳояш бо номи «Мисри мамлакат» зимни тасвири воќеаҳои ҷангӣ аз аҳволи нобоби халќу мамлакат ва афзоиши зулм сухан ронда, аз тороҷи кишвару харобии ҳоли мардум ашќ рехтааст:

Он Мисри мамлакат, ки ту дидӣ, хароб шуд
В-он Нили макрамат, ки шунидӣ, сароб шуд.
Аз сели ашќ бар сари тӯфони ҳодиса
Хуноб ќубба-ќубба ба шакли ҳубоб шуд

Ќасидаи «Айвони Мадоин»-и Хоќонӣ аз ҷиҳати мавзӯъ, масъалагузорӣ ва мазмуни барҷастааш боз муҳим мебошад. Шоир дар он таассуроти худро аз мушоҳидаи вайронаҳои шаҳри Мадоин – пойтахти сулолаи Сосониён ба тасвир гирифтааст:

Хон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон,
Айвони Мадоинро оинаи ибрат дон!

Дар ин ќасида андешаҳои фалсафии Хоќонӣ аз гузашти айём бо афкори ватандӯстии ӯ пайваста иброз гардидааст. Ќасида пас аз сари Хоќонӣ хеле пайравон пайдо кардааст. Ѓазалҳои Хоќонӣ мазмунҳои иҷтимоию танќидӣ ва ҳасбиҳолиро ниҳоят зиёд фаро гирифтаанд ва ҳатто дар ин бобат байни ваю навиштаҳои ишќии аксари муосиронаш фарќ пайдо гаштааст. Ин маънӣ аз ќитъаву рубоиҳои Хоќонӣ ҳам бараъло ҳис мегардад.


Тӯҳфатулироқайн Ин манзума дар соли 1157 бахшида ба Ҷамолиддин Абӯ Ҷаъфар Муҳаммад бинни Алии Исфаҳонӣ навишта шудааст. Асар аз 3000 байт иборат аст. Шаш мақола ва қисмати хотимавиро фаро мегирад. Дар Тӯҳфатулироқайн дар бораи нахустин мусофирати шоир ба шаҳрҳои Мака, Мадина, Ироқ ва ба ватан баргаштани ӯ маълумот дода шудааст. Ғайр аз ин дар манзумо тасвири шаҳрҳо ва машғулияти сокинони онҳо, сӯҳбати шоир бо баъзе шахсони маъруфи араб низ зикр ёфтаанд. Тӯҳфатулироқайн умуман барии равшан намудани баъзе лаҳзаҳои ҳаёти худи шоир аҳамияти калон доранд.

Аз маснавӣ[вироиш]

Дар тасвири офтоб ва ҳоли худ гӯяд

Эй рангомези ин гуҳарҳо,
В-эй аз ту гузориши суварҳо.
Эй дояи меҳрубони ҳар кас,
Маъшуқаи ройгони ҳар кас.
Соҳибсодарӣ, валек худрой,
Дар саффи ниоли ҳар хасат ҷой.
Он нур, ки бедареғ борӣ,
Аз дидаи ман дареғ дорӣ.
Ин шева на шарти дӯстон аст,
Ин суннати қасди душманон аст.
Шервон зи ту гарму равшан авқот.
Ман дар гави сард сайди зулмот.
На ҳамнафасе нафас кушоям,
На хушсухане ҳавас зудоям,
Бар ханҷари ҳундуӣ пур аз ғам,
Бар оташи порсӣ пур аз дам.
Монандаи ҳалқаи дарам бас,
Ноланда зи дасткӯби ҳар хас.
Гӯёву хамӯшу бедилу рой,
Ҷунбонҷамоду бе сару пой.
Устоди саводи ҷовидонӣ,
Бас бар дари халқ ройгонӣ.
Ҳаққо, ки манам чу ҳалқа бар дар,
Оҳам шуда ҳалка-ҳалқа дар бар.
Ин ҳалқаи оташин шабу рӯз
Дар ҳалқ ҳамешавад нафассӯз.
Бас хун биҷаҳад, шавад алалҳол –
Дар пой банот-наъш халхол.
Гардун зи қабои шаб зиреҳ зад,
Бар риштаи ҷони ман зиреҳ зад.
Ту гарчӣ дирафшҳо намоӣ,
Рӯзе накунӣ гиреҳкушоӣ.
Бар равзани ман натобӣ аз хашм,
На дар дили ман зи ғурфаи чашм.
Майли ту ба равзанам чаро нест?
Дар равзанам охир аждаҳо нест!...

Аз рубоиёт[вироиш]

Эй дӯст, ғами ту сарбасар сӯхт маро,
Чун шамъ ба базми дард афрӯхт маро.
Ман гиряву сузи дил намедонистам,
Устоди тағофули ту омӯхт маро.
Оби ҷигарам ба оташи ғам бархост,
Сузи ҷигарам фузуд то сабр бикост,
Ҳарчанд ҷигар ба сабр мемонад рост,
Сабр аз ҷигари сухта чун шояд хост?
Дар ғусса маро ҷумла ҷавонӣ бигузашт,
Айёми сиғар чунон ки донӣ, бигузашт.
Дар марг хавоси зиндагонӣ бигузашт.
Умрам ҳама дар марсияхонӣ бигузашт.
Ҳар рӯз фалак кини ман аз сар гирад,
Бар дасти хасон маро забунтар гирад.
Бо ӯ ҳама кори сифлагон дар гирад,
Ман сифла шудам, бӯ, ки маро даргирад.
Хоқонӣ аз он ки буд султони ҳунар,
Чун шамъ басе нишаст бар курсии зар.
Акнун чу чароғ аст ба куштан дархур,
Бар натъ нишаста, ашки резон дар бар.

Хоқонӣ

Адабиёт[вироиш]

  • 1.Насриддинов Абдулманнон. Куллиёт осор. Ҷ,1.-Хуҷанд, Хуросон, 2013
  • 2. Сафо Забеҳуллоҳ Торихи адабиёт дар Эрон ҷ.2.-Теҳрон, Фирдавс, 1389