Абулҳасан Алӣ ат-Табарӣ
Абулҳасан Алӣ ат-Табарӣ | |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 838 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 870 |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: |
Абулҳасан Алӣ ибни Раббони Табарӣ (форсӣ: علی ابن سهل ربان طبری; тақ. 838, Марв, Табаристон — 870) — ҳаким, пизишк, файласуф ва равоншинос шаҳири форс.
Зиндагинома[вироиш]
Ӯ аз Табаристон ба Раӣ (Эрон) кӯчида, дар он ҷо нахустин муаллими ар-Розӣ шуд. Ат-Табарӣ соли 850 доир ба тиб асари калони «Фирдавс ул-Ҳикмат»-ро таълиф кард, ки он аз 7 фасли зерин иборат аст: дар бораи унсурҳо ва тағӣирёбии онҳо, дар бораи рӯзгор, масъалаҳои гигиенаи умумӣ; дар бораи мизоҷ, узвҳо, ақл, шавқу завқ, гигиена ва ғаӣра; дар бораи хӯрок, патологияи умумӣ ва ҷузъӣ, дар бораи хосиятҳои ҷисму бадан, мева, сабзавот, навъҳои мухталифи гӯшт, шир, бӯӣ, чорво, доруҳои одӣ ва мураккаб; дар бораи мащал, кишвар, об, бод; дар бораи эътимоднокии тиб; дар бораи ситораҳо; дар бораи илми тиб; дар бораи парҳези, аӣёми саломатӣ; дар бораи сабабҳои беморӣ. Ат-Табарӣ инчунин муаллифи асарҳои дигар, мисли «Оид ба истеъмоли хӯрок, нӯшокиҳо ва адвия», «Оид ба ҳифзи саломатӣ», «Оид ба маҳоҷим», «Оид ба таснифи адвият» ва ғаӣра буд. Ат-Табарӣ ба ҳаӣси олими бузурги замони худ шӯҳрат ва обрӯю эътибори калон дошта, ба равнақи тиб саҳми босазое гузоштааст ва дар таърихи тиб осори муносибе дорад.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #102411689 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.