Ибни Раббани Табарӣ
Ибни Раббани Табарӣ | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 838 ё тақрибан 808[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 874[2] |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | пизишкӣ[3], фалсафа[3], ахтаршиносӣ[3] ва риёзиёт[3] |
| Шогирдон | Закариёи Розӣ[1] |
Абулҳасан Алӣ ибни Саҳл Раббани Табарӣ (форсӣ: ابوالحسن علی ابن سهل ربن طبری; 838 ё тақрибан 808[1], Омул, Устони Мозандарон — 874[2], Бағдод) — ҳаким, пизишк, файласуф ва равоншиноси шаҳири форс.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ аз Табаристон ба Раӣ (Эрон) кӯчида, дар он ҷо нахустин муаллими ар-Розӣ шуд. Ат-Табарӣ соли 850 доир ба тиб асари калони «Фирдавс ул-Ҳикмат»-ро таълиф кард, ки он аз 7 фасли зерин иборат аст: дар бораи унсурҳо ва тағӣирёбии онҳо, дар бораи рӯзгор, масъалаҳои гигиенаи умумӣ; дар бораи мизоҷ, узвҳо, ақл, шавқу завқ, гигиена ва ғаӣра; дар бораи хӯрок, патологияи умумӣ ва ҷузъӣ, дар бораи хосиятҳои ҷисму бадан, мева, сабзавот, навъҳои мухталифи гӯшт, шир, бӯӣ, чорво, доруҳои одӣ ва мураккаб; дар бораи мащал, кишвар, об, бод; дар бораи эътимоднокии тиб; дар бораи ситораҳо; дар бораи илми тиб; дар бораи парҳези, аӣёми саломатӣ; дар бораи сабабҳои беморӣ. Ат-Табарӣ инчунин муаллифи асарҳои дигар, мисли «Оид ба истеъмоли хӯрок, нӯшокиҳо ва адвия», «Оид ба ҳифзи саломатӣ», «Оид ба маҳоҷим», «Оид ба таснифи адвият» ва ғаӣра буд. Ат-Табарӣ ба ҳаӣси олими бузурги замони худ шуҳрат ва обрӯю эътибори калон дошта, ба равнақи тиб саҳми босазое гузоштааст ва дар таърихи тиб осори муносибе дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Badawi A. R. Histoire de la philosophie en Islam (фр.) // Études de Philosophie Médiévale — Paris: Librairie philosophique J. Vrin, 1972. — Vol. 60. — P. 578. — 886 с. — ISSN 0249-7921
- ↑ 2.0 2.1 (unspecified title) — OpenITI.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Чешская национальная авторитетная база данных
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ат-Табарӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.