Абулҳасан Муставфии Ғаффорӣ
Зоҳир
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1791 |
Мамлакат: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мирзо Абулҳасан Муставфии Ғаффорӣ (форсӣ: ابوالحسن مستوفی غفاری; Кошон, Устони Исфаҳон — 1791) — наққош ва воқеанигори эронӣ дар даврони Каримхони Занд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулҳасан Муставфии Ғаффорӣ аз хонадони Ғаффорӣ мебошад. Абулҳасан Муставфии Ғаффорӣ муаллифи китоби «Гулшани мурод» аст, ки он аз таърихи силсилаи Зандия, аз замони Каримхон, Ҷаъфархони Занд нақл мекунад. Ин асар яке аз манбаъҳои нодири таърихи Зандия мебошад. Пас аз марги ӯ Муҳаммадалихони Шерозӣ онро такмил додааст. Аз осори наққошии Абулҳасан Муставфии Ғаффорӣ шумори кам то замони мо боқӣ мондааст, ки ду портрети падараш, портретҳои Қозӣ Абдулмалики Ғаффорӣ, Каримхони Занд дар майдони Нақши Ҷаҳони Исфаҳон, Қозӣ Аҳмади Ғаффорӣ ва Шоҳ Сафӣ аз ҷумлаи онҳоанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғаффории Кошонӣ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.