Каримхони Занд
| |
1751 — 1779 | |
Пешгузашта | Shahrukh Afshar[d] |
Ҷонишин | Mohammad Ali Khan[d] |
|
|
Таваллуд |
23 май 1705 |
Даргузашт |
1 март 1779 (73 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Зандиён |
Падар | Inaq Khan[d] |
Фарзандон | Abol Fath Khan[d] ва Mohammad Ali Khan[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Муҳаммад Каримхони Занд (форсӣ: کریم خان زند; 23 май 1705, Пирӯз[d], Устони Ҳамадон — 1 март 1779, Шероз) — асосгузори сулолаи Зандия дар Эрон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар осори таърихӣ бо номи Каримхони Вакил низ ёд мешавад. Баъди кушта шудани Нодиршоҳи Афшор, ш. Ҳамадонро ишғол кард. Сипас қабилаи Зандия дар ҳамдастӣ бо сипоҳиёни қабилаи бахтиёрӣ ш. Исфаҳонро забт карда, дар ҳайати се нафар — Абулфатҳхони Бахтёрӣ (ҳокими Исфаҳон), Каримхони Занд (сипаҳсолор) ва Алимардонхони Бахтёрӣ (вакилуддавла) иттиҳод ташкил намуданд. Баъд аз чанд муддат байни роҳбарони иттиҳод ихтилоф ба вуҷуд омад, ки он бо ғалабаи Каримхони Занд ва шикасти сипоҳи бахтёриҳо дар назди Исфаҳон (1753) хотима ёфт. Ҳамзамон Каримхони Занд Озарбойҷони Шимолиро аз тасарруфи афғонҳо ва Астарободу Мозандаронро аз ихтиёри Қоҷориён озод, сипоҳи Озодхони Афғон (1753) ва Муҳаммад Ҳасанхони Қоҷорро (1758) торумор карда, тақр. тамоми музофоти Эронро (ба истиснои Хуросон) муттаҳид намуд. Каримхони Занд Шерозро пойтахти худ эълон кард; дар шаҳр чандин биноҳои нав қомат афрохтанд; оромгоҳҳои Шайх Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофиз бозсозӣ шуданд. Дар ин давра як гурӯҳ тоҷирону ҳунармандон дубора ба ватан баргаштанд ва хоҷагии деҳоту тиҷорат нисбатан равнақ ёфт. Каримхони Занд барои ҳавасманд кардани деҳқонон ҷамъоварии андози изофиро аз мардум бекор кард. Дар сиёсати хориҷӣ таҷрибаи мустамлика шудани Ҳиндустонро ба эътибор гирифта, аз бастани аҳдномаҳои сиёсӣ бо кишварҳои аврупоӣ дурӣ ҷуст. Дар аҳди Каримхони Занд англисҳо ва ҳолландиҳо дар ҷаз. атрофи Халиҷи Форс якчанд маркази тиҷорат ташкил карданд, аммо онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар чандон таъсир надоштанд. Соли 1766 Каримхони Занд сипоҳи туркҳои усмониро шикаст дода, ш. Басраро ишғол кард. Дар аҳди Каримхони Занд муносибатҳои тиҷоратии Эрон бо Руссия ба воситаи роҳи Аштархон ва бандари Энзелӣ инкишоф ёфт. Дар ин давра ду ҳайати дипломатии рус ба Эрон сафар карда (1767, 1778), дар бораи ташкили иттиҳоди зидди Империяи Усмонӣ мулоқот анҷом доданд. Баъди фавти Каримхони Занд, байни намояндагони сулолаи Зандия барои тоҷу тахт ихтилоф ба вуҷуд омад ва писари бузургаш Абулфатҳхон бо ёрии амакаш Закихон ба тахт нишаст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Каримхони Занд / Қ. Расулиён // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 23 май
- Зодагони соли 1705
- Зодагони Эрон
- Даргузаштагони 1 март
- Даргузаштагони соли 1779
- Даргузаштагони Эрон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)