Абунасри Сарроҷ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абунасри Сарроҷ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: сӯфӣ
Таърихи даргузашт: 987
Маҳалли даргузашт:
Вироиши Викидода

Абунасри Сарроҷ, ( Абунаср Абдуллоҳ ибни Алӣ ибни Муҳаммад Яҳъё., ? – вафот 987, Тус) — фақеҳ ва мутасаввиф (асри X), мулаққаб ба «Товус-ул-фуқаро».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абунасри Сарроҷ аз авлоди зоҳидон буда, ба Димишқ, Бағдод, Басра, Қоҳира ва бисёр шаҳрҳои Эрон сафар кардааст, таассуроти сафар ва мулоқоти худро бо машоихи суфия дар китоби «Ал-ламаъ фи-т-тасаввуф» ҷамъ овардааст. Шогирди Абунасри Сарроҷ Абулфазли Сархасӣ мебошад, ки роҳнамои суфии бузурги Хуросон Абусаиди Абулхайр будааст. Абунасри Сарроҷ, ба қавли Ҷомӣ, ғайр аз китоби зикршуда асарҳои дигаре ҳам доштааст, ки мутаассифона то ҳол аз онҳо осоре пайдо нест. Ҳамчун муаррихи тасаввуф Абунасри Сарроҷ кӯшидааст, ки таълимоти тасаввуфи мӯътадилонаро инкишоф диҳад. Ақидаҳои Абунасри Сарроҷ роҷеъ ба каромат ва диг. ҷиҳатҳои таълимоти тасаввуфӣ на фақат ба омӯзиши таҳаввули афкори ирфонӣ, балки ба шарҳу баёни нуқтаҳои алоҳидаи намояндагони тасаввуф, аз ҷумла шатҳиёти суфия аҳамияти калон доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]