Jump to content

Абусаъиди Сиҷзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абусаъиди Сиҷзӣ
ар. أحمد بن مُحمَّد بن عبد الجليل السِّجْزي
Таърихи таваллуд тақрибан 951[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 1020[1][2]
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ, риёзиёт, улуми ғариба[d] ва ҳандаса

Абусаъид Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуҷалил Сиҷзӣ (тақрибан 951[1], Сиистон, Давлати Саффориён[1]тақрибан 1020[1][2]) — муҳандис ва ҳайатшиноси сиҷистонӣ.

Асарҳои Сиҷзӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои Абусаъиди Сиҷзӣ бештар ба шаклсозиҳои геометрӣ, буришҳои махрутӣ (конусӣ), вобастагии гипербола ба асимптотаҳояш, трисексияи кунҷ, масъалаҳои нуҷум ва ба сохти афзори мунаҷҷимӣ бахшида шудаанд. Қариб 30 рисолаи Абусаъиди Сиҷзӣ то давраи мо расидааст, ки дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон маҳфузанд. «Рисолаи фӣ васф-ул-қутуъ-ил-махрутия» («Рисола дар васфи буришҳои конусӣ»), «Китоб-ут-таркиб ил-афлок» («Китоб роҷеъ ба таркиби фалакҳо»), «Китоб-ул-мизоҷот-ил-кавокиб» («Китоб дар бораи мизоҷи ситораҳо») аз ҷумлаи онҳоанд. Асарҳои Абусаъиди Сиҷзӣ дар инкишофи риёзиёти Шарқ роли муҳим бозида, ба пешрафти математикаю астрономияи Европа таъсир расондаанд.