Jump to content

Абутайиби Мусъабӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абутайиби Мусъабӣ
Таърихи даргузашт: 942(0942)
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ - тоҷикӣ

Абутайиб Муҳаммад ибни Ҳотами Мусъабӣ (форсӣ: ابوطیّب محمد بن حاتم مُصعَبی‎; ? — 942) — адиб, дабир, сиёсатмадор ва шоири дузабонаи тоҷики Хуросони Бузург дар аҳди Сомониён, соҳиби девони расоили Наср ибни Аҳмади Сомонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ишораҳову тавсифҳои сарчашмаҳои адабӣ (масоли, «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ) бармеояд, ки шахси донишманд, соҳибмаърифат ва сиёсатмадор будааст. Аз шеъри дар васфи Рӯдакӣ сурудааш маълум мешавад, ки бо ин шоир дӯстӣ ва рафоқат доштааст. Бо шахсияти дигари бонуфузи дарбори Сомониён — Балъамӣ низ дӯст буд. Ҳамроҳи вай корҳои вазорат ва рисолати амир Насри II-ро иҷро мекардааст. Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» меорад, ки Абутайиби Масъабӣ маъзул шудани Балъамӣ (907) ва ба ҷойи ӯ омадани вазир Абуалии Ҷайҳониро намехост. Боре ба фармони амир мухолифат кард ва ба қатл расид.

Абутайиби Масъабӣ шоири қасидасаро буд. Ба забонҳои форсии тоҷикӣ ва арабӣ шеър мегуфт. Ашъори арабиаш дар «Ятимат-уд-даҳр»-и Саолибӣ оварда шудаанд. Байти зерин намунае аз шеъри ӯст:

Ҷаҳоно, ҳамоно фусунию бодӣ,
Ки бар кас напоию бо кас насозӣ.