Jump to content

Насри I

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Наср ибни Аҳмади Сомонӣ)
Насри I
865 — 892
Пешгузашта Аҳмад ибни Асад
Ҷонишин Исмоили Сомонӣ

Даргузашт 892
Дудмон Сомониён
Падар Аҳмад ибни Асад

Наср ибни Аҳмад (? — 892) — ҳокими вилояти Самарқанд ва амири Мовароуннаҳр (864—892), писари Аҳмад ибни Асад.

Дар аҳди салтанати Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, бародараш Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ гардад. Дар натиҷа байни Насри I ва Исмоил зиддият ба амал омада, он бо задухурди ҳарбӣ анҷом ёфт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони Сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Иғвогарон ин зиддиятро бештар намуда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ меафканданд. Сабаби сарзадани моҷаро сарпечии Исмоил ибни Аҳмад аз пардохтани хироҷи Бухоро ба Наср — сарвари Хонадони Сомониён буд. Оқибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бо пирӯзии Исмоил ба анҷом расид, вале Исмоил ибни Аҳмад ба бародари асирафтодааш Наср ибни Аҳмад, чун пешвои хонадон муроҷиат карда, миёни мардум низ маҳбубияти бештаре касб кард.[1]

Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ бародараш Исмоил сарвари Хонадони Сомониён ва амири (Мовароуннаҳр) ва минбаъд кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон -Давлати Сомониён гардид.[2]

  1. Ҳотамов Н. Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с. 101.
  2. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с. 100—101.