Jump to content

Калими Кошонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абутолиби Калим)
Калими Кошонӣ
Таърихи таваллуд: 1581
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 28 ноябр 1651(1651-11-28)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ

Абутолиб Калими Кошонӣ (форсӣ: کلیم کاشانی‎; 1581, Ҳамадон ё Сафавиён28 ноябр 1651, Кашмир ё Империяи Муғул) — шоири форсизабони Ҳиндустон, яке аз намояндагони барҷастаи сабки ҳиндӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи маълумоти донишмандон ва муаллифони тазкираҳо (Забеҳуллоҳи Сафо, Эдуард Браун, Рошидӣ, Хоҷа Абдуррашид) Калими Кошонӣ дар Ҳамадон ба дунё омада, дар Кошон сукунат кардааст ва аз ин рӯ, бо исми Калими Кошонӣ машҳур аст. Калими Кошонӣ барои касби дониш ба Шероз рафтааст. Ӯ аз ҷавонӣ орзуи сафари Ҳиндустон дошт. Бад-ин хотир, нахуст ба Беҷопури Дакан рафт, вале натавонист, ки вориди дарбори Одилшоҳиён шавад. Аз абёте, ки роҷеъ ба саргардониҳояш аз сафари Ҳинд суруда шудаанд, бармеояд, ки дар сафари аввал дар роҳи Беҷопур роҳ(боҷ)дорон ӯро бо гумони ҷосусӣ дастгир ва дар қалъаи Шоҳдарак зиндонӣ карданд. Ӯ ба ин кишвар дар аҳди Ҷаҳонгир (ҳукмронӣ 1605-28) сафар карда буд. Калими Кошонӣ дар суҳбат бо яке аз донишмандони он диёр — Шоҳнавозхон ҳамчун шоир шуҳрат пайдо кард. Калими Кошонӣ пас аз фавти ӯ, соли 1619 ба ватан баргашта, чанд сол дар Исфаҳон зистааст. Пас аз ду сол аз нав азми сафари Ҳиндустон кард, ба дарбори Шоҳҷаҳон роҳ ёфт. Пас аз марги маликушшуарои дарбор — Қудсии Машҳадӣ, Калими Кошонӣ аз тарафи Шоҳҷаҳон ба унвони маликушшуароӣ (1647) мушарраф шуд. Шоҳҷаҳон сараввал ба ӯ чандон таваҷҷуҳ надошт, вале, вақте ки соли 1644 Калими Кошонӣ ба муносибати қирони Наврӯзу Иди Фитр ва омода шудани Тахти Товус қасидае суруд, дастур дод, ки баробари вазни ӯ ба ӯ 5500 рупия сила диҳанд. Калими Кошонӣ дар охирҳои умр дучори дарди по шуд ва аз мамдӯҳаш — Шоҳҷаҳон рухсат хост, ки дар Кашмир иқомат кунад.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Калими Кошонӣ дар Кашмир ба навиштани маснавии «Подшоҳнома» ё «Футуҳоти Шоҳҷаҳонӣ», ё «Шоҳномаи Калим», ё «Зафарномаи Шоҳҷаҳонӣ» сар кард. Маснавӣ дар вазни мутақориб аз ҷангу футуҳоти амир Темур сар шуда, саргузашти авлоди ӯро аз Шоҳрух, Умаршайх, Эроншоҳ, Абусаид, Бобурмирзо ва Шоҳҷаҳон дар бар мегирад. Сарчашмаҳои адабӣ шумори абёти ин маснавиро аз 14,5 то 15 понздаҳ ҳазор байт донистаанд. Нусхаҳои ин асар дар китобхонаҳои Истанбул, Теҳрон, Табрез ва Покистон нигаҳдорӣ мешаванд. Тазкиранависон қудрати табъу мазмунофаринии Калими Кошониро ситоиш карда, ӯро «Халлоқу-л-маъонии сонӣ» лақаб гузошта буданд. Дар ашъори ӯ дар баробари нобаробариҳо ва зуҳди хушк, интиқоди иҷтимоӣ низ дида мешавад. Бархе (ба монанди Волаи Доғистонӣ) Калими Кошониро шоире каммоя дар илмҳо, вале дорои қудрати тамом дар шоирӣ мешуморанд. Аз Калими Кошонӣ девоне боқист, ки 36 қасида, 2 таркиббанд, 1 тарҷеъбанд, 32 қитъа, 33 таърих, 28 маснавии кутоҳ, 590 ғазал ва 102 рубоиро фаро гирифтааст. Дар қасидаҳояш ба Қудсии Машҳадӣ пайравӣ кардааст. Ҳусни таркиб, равшанӣ ва равонии суҳбат ва муколамаҳо дар қасидаҳои ӯ ба пояест, ки дар ҳамасрони ӯ ба назар намерасад. Ӯ дар ин навъи шеър забони сода бо офариниши мазмуну таъбирҳои хаёлӣ ва истиоравиро истифода бурдааст, ки ба забони гуфтугӯӣ наздик аст. Калими Кошонӣ дар ғазал забони содаву гуфтори равон ва сухани устуворро бо мазмунҳои тоза ва маъниҳои баланду бадеъ истифода кардааст. Маснавиҳои Калими Кошониро бархе аз соҳибназарон (ба мисли Шиблии Нуъмонӣ) камарзиш ва омиёна номидаанд; ӯ барои чизҳое кӯчак мисли ангуштар, қаламдон, киштӣ, туфанг ва монанди инҳо шеър сурудааст, ки назди дигар шоирон ночиз дониста шудаанд. Бо вуҷуди ин, дар маснавиҳои ӯ бархе аз ҳодисаҳои муҳимми давронаш ба мисли маснавиҳои «Таърихи қаҳтии Дакан» ва «Достони саркӯбӣ ва қатли Ҷазҳар Санкаҳи Бандилоҳӣ бо сардории Аврангзеб» тасвир шудаанд. Дар ашъори Калими Кошонӣ калимаҳои ҳиндӣ низ хеле фаровон истифода шудаанд. Маҷмӯаи ашъори Калими Кошониро то 24 ҳазор байт навиштаанд. Девони ашъораш беш аз 10 ҳазор байтро дар бар мегирад. Қадимтарин нусхаи девони Калими Кошонӣ, ки пас аз даҳ соли фавти ӯ китобат шудааст, дар Осорхонаи миллии Карочӣ нигаҳдорӣ мешавад. Чанд нусхаи девони Калими Кошонӣ дар Маркази мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Ғазали зер аз ӯст:

Гар ба қисмат қонеӣ, бешу ками дунё якест,
Ташна чун як ҷуръа хоҳад, кӯзаву дарё якест.
Ҳирс агар деҳқон набошад, киштро шабнам бас аст,
Хӯшаву хирман ба пеши чашми истиғно якест!
Каҷназар суду зиёнро имтиёзе додааст,
Ҳар чиро аҳвал ду мебинад, бари бино якест!
Ноумедӣ дастгоҳи айш месозад фарох,
Гар бибандӣ дидаи каҷ, хонаву саҳро якест!
Ғам на пайванде ба дил дорад, к-аз ӯ битвон бурид,
Гар ба асли кор бинӣ, шишаву хоро якест!
Мо, ки аз уфтодагӣ фирӯзҷанг уфтодаем,
Аз кӣ андешем, чун фатҳу шикасти мо якест!
Иззату хорӣ, ки пушту рӯи кори олам аст,
Назди ринде, к-ӯ надорад кор бо дунё, якест!...
Дар қафас болову поине намебошад, Калим,
Остону маснади дунё бари доно якест!