Калими Кошонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Калими Кошонӣ
Тахаллусҳо:

«Толибои Калим» ва «Халлоқулмаонии сонӣ»

Номи пурра

Мирзо Абӯтолиб Калими Кошонӣ

Санаи таваллуд:

990 ҳиҷрӣ

Зодгоҳ:

Ҳамадон

Санаи марг:

1061 ҳиҷрӣ

Маҳалли марг:

Кашмир

Шаҳрвандӣ:

Эрон

Навъи фаъолият:

шоир

Забони осор:

порсӣ

‘’’Калими Кошонӣ’’’ — аз шоирони машҳури садаи XVI мебошад.

Зиндагинома[вироиш]

Маликушшуаро Мирзо Абӯтолиб Калими Кошонӣ машҳур ба «Толибои Калим», ки ӯро «Халлоқулмаонии сонӣ» хондаанд, аз шоирони маъруфи садаи ёздаҳуми ҳиҷрӣ аст.Ӯ дар ҳудуди соли 990 ҳиҷрӣ дар Ҳамадон тавллуд шудааст.Асли ӯро бештари тазкиранависон аз Ҳамадон донистаанд ва гуфтаанд, ки чун дар Кошон иқомат дошт ба Кошонӣ маъруф шуд.Вай донишҳои замонашро дар Кошон ва Шероз омӯхт ва ҳам дар ощози ҷавонӣ ба аҳди подшоҳии Ҷаҳонгир (1014-1037) ба Ҳинд рафт ва мулозимати Шоҳнавозхон (писари Рустами Мирзо, писари Ҳусайн Мирзо, писари Баҳром Мирзо, писари Шоҳ Исмоили аввал) ихтиёр кард, ки дар хидмати Иброҳимшоҳи сонӣ Одилшоҳӣ (987-1035 ҳ) волии Байҷопур басар мебурд.Ва бинобар ин нахустин муаммане, ки Абӯтолиби ҷавон дар Ҳинд ёфт Байҷопури Дакан буд ва ин, ки Муҳаммадсолеҳ Канбӯ Лоҳурӣ дар бораи Калим навиштааст, ки ӯ чанде дар Дакан саргардон ва овора будааст, нишон медиҳад, ки Калим дар нишонагирии аввал дарбори Одилшоҳиён ва мазаммати Шоҳнавозхонро фарочанг наёвард балки дар ин роҳ чанде ин сӯй ва он сӯй давид.(1,1181) Баъд аз чанде ба Кашмир сафар намуд.Ва боқимондаи умри хешро дар ҳамонҷо ба поён расонид.Ӯ дар соли 1061 ҳиҷрӣ дар Кашмир аз олам даргузашт.Ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.

Мероси адабӣ[вироиш]

Калим шоири пурсухан буд. Маҷмӯи ашъори ӯро то 24000 байт навиштаанд ва комилтарин нусхаи куллиёти ӯ ки ман дидаам дар ҳудуди нуњ ҳазору панҷсад байт бештар надорад ва агар онро бо «Зафарномаи Шоҳҷаҳон»-и ӯ ки дар понздаҳ ҳазор байт аст як ҷо ниҳем ҳамон ё андаке бештар аз он мешавад, ки гуфтаанд.(1,1175) Девони калим шомили 10000 байт аст, ки дар он 5000 байт щазал, наздик ба 1000 байт қасида, ва бақия дар қолабҳои қитъа, таркиббанд, тарҷеъбанд аст.Маснавиёти ӯ ҳудуди 2000 байт аст, ки аз миёни онҳо «Футуҳоти Шоҳҷаҳон» ва «Подшонома» дар баҳри мутақориб машҳуртар аст.

Намунаи ашъор[вироиш]

Ҳангоми баҳор сайри гулшан накунем,
Мо булбулро ба хеш душман накунем.
То наситонем рухсат аз парвона,
Дар хонаи худ чарощ равшан накунем.
Чун лола хурем оташи хирмани хеш,
Мо худ шудаем хори пироҳани хеш.
Моро бад-ӯ ҷуръаи соқї аз худ бираҳон,
То чанд басар барем бо душмани хеш.(1,1181)
Эй дил гар рафъи эҳтиёҷат ҳавасаст,
Бар хеш магир танг то дастрасаст.
Ҳоҷат камтар чу дастгаҳ нест фарох,
Хоридани гӯшро як ангушт басаст.

Адабиёт[вироиш]

• Забебуллоҳ Сафо.Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ.5/2. - Теҳрон, 1371. - С.1170-1181

Эзоҳ[вироиш]