Абутуроби Ғаффорӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 1863 |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1890 |
Мамлакат: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абутуроб Ғаффории Кошонӣ (форсӣ: ابوتراب غفاری کاشانی; 1863 — 1890) — наққош ва нигоргари эронии аҳди Қоҷор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар замони ҳукумати Музаффариддиншоҳ наққоши махсуси дарбори вай буд. Баъдан ба хидмати давлатӣ машғул шуд. Баъзе тасвирҳои рӯзномаҳои он даврон — «Шараф» ва «Шарофат» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Чанде аз офаридаҳои наққошии Абутуроби Ғаффорӣ (бахусус суратҳои арбоби ҳукуматии даврони носирӣ) дар ҷилдҳои 2 ва 3 «Миръоту-л-булдон» ба чоп расидаанд. Муҳимтарин асарҳои то ба имрӯз боқимондаи ӯ наққошиҳои хонаи қадимии маъруф ба «Хонаи Ҳакимшоҳӣ» дар Кошони Эрон аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғаффорӣ Абутуроб // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.