Jump to content

Абуюсуфи Вобканӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуюсуфи Вобканӣ
Иттилооти инфиродӣ
Вироиши Викидода

Абуюсуф Яъқуб ибни Абиҷундуби Вобканӣ (ар. ابویوسف یعقوب بن جندب الوابکنی‎) — ровии ҳадис. Аз Муҳаммад ибни Саломи Байкандӣ, Ҳаббон ибни Мусо ва дигарон истимои ҳадис кардааст ва Абуаҳмад Шоҳид ибни Муҳаммад, Абуҳафс Аҳмад ибни Ҳотам ва дигарон аз ӯ ҳадис ривоят кардаанд. Нисбаи ӯ аз Вобкана — номи яке аз деҳаҳои Бухоро гирифта шудааст.

  • عبد الکریم السمعانی. کتاب الانساب. بیروت، 1999؛
  • ابن الاثیر. اللباب فی تهذیب الانساب. المجلد الثانی. بیروت، 2000