Абуҳанифаи Динаварӣ
ар. أبو حنيفة الدِينَوَرِي | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 828 ё 815 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 895[1] ё 896 |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | ҷуғрофиё, гиёҳшиносӣ ва филология |
![]() |
Абуҳанифаи Динаварӣ (Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд ибни Вананди Динаварӣ; тақрибан 820, Динавар – 895) — риёзидон, ҳайатшинос, набототшинос, файласуф, муаррих, адиб ва луғатшиноси маъруфи форс-тоҷик.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Бештари ҳаёт ва фаъолияти Абуҳанифаи Динаварӣ дар Динавар ва Исфаҳон гузаштааст. Дар Исфаҳон, аз мавзее, ки Абуҳанифаи Динаварӣ мушоҳидаҳои ситорашиносиро анҷом медод, дертар Абдурраҳмони Суфӣ дидан кардааст.
Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Рисолаҳои зерини Абуҳанифаи Динаварӣ дар сарчашмаҳо вомехӯранд: «Китоб ал-ҷабр ва-л-муқобала» («Китоб дар ҷабру муқобала»), «Китоб ат-тахт фӣ ҳисоб-ул-ҳинд» («Китоб дар бораи тахта ва ҳисоби ҳиндӣ»), «Китоб ан-наводир-ил-ҷабр» («Китоб дар бораи нодириҳои алҷабр»), «Китоб-ул-васайа» («Китоби васият»), «Китоб-ул-ҳисоб-уд-давр» («Китоб дар бораи ҳисоби давра»), «Китоб-ул-кусуф» («Китоб дар бораи гирифти Офтоб»), «Китоб ал-азмина ва-л-амкина» («Китоб дар бораи замон ва макон»), «Китоб ун-набот» («Китоб дар бораи наботот»), «Китоб-ул-ахбор-ит-тивол» («Китоб дар бораи ахбори дароз»). «Китоб-уш-шеър ва-ш-шуаро» ва «Китоб-ул-фасоҳат» аз ҷумлаи таълифоти адабии ӯст. Абуҳанифаи Динаварӣ дар асари бисёрҷилдаи худ «Китоб-ун-набот» миқдори зиёди ашъори шоирони арабро роҷеъ ба гиёҳҳо дохил кардааст. «Китоб-ул-ахбор-ит-тивол»-и ӯ яке аз намунаҳои барҷастаи насри классикии араб буда, то замони мо пурра расидааст. Матни онро соли 1888 олими рус В. Ф. Гиргас дар Лейден ба табъ расонида буд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.