Абуҳафси Кабир
Зоҳир
Абуҳафси Кабир | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | фақеҳ |
Фарзандон: | Абуҳафси Сағир |
Вироиши Викидода |
Абуҳафс Аҳмад ибни Ҳафс ибни Забарқон ибни Абдуллоҳ (ар. أبو حفص أحمد بن حفص بن الزبرقان بن عبد الله بن أبجر العجلي البخاري الحنفي; 767, Бухоро — 832, ҳамонҷо) — фақеҳ ва алломаи ҳанафимазҳаби форс-тоҷик
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зуҳду тақво, дониш ва маъруфияти ӯ дар илмҳои замонаш ба андозае воло будааст, ки дар олами Ислом аз баракати ӯ Бухоро унвони ифтихории «Қуббат-ул-Ислом»-ро гирифтааст. Ҳамчунин яке аз дарвозаҳои Бухорои ҳамон давр ба муҷиби дар шафати он қарор доштани хонаи Абуҳафс Аҳмад номи «Ҳамроҳ»-ро гирифта будааст, зеро мардум барои ҷустани ҳақиқат ва ҳалли масоили умдатарин назди ӯ меомадаанд (Бартолд). Муаллифи «Таърихи Бухоро» Наршахӣ аз рӯзгори Абуҳафс Аҳмад ривоёти аҷиберо овардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абуҳафс Аҳмад // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Ҳамроҳбоев Н., Абуҳафс Аҳмад, Донишномаи Сомониён, ҷ. 1, Х., 2008.