Jump to content

Абҳар-ул-Ошиқин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Абҳар-ул-Ошиқин»асари Рӯзбаҳони Бақлӣ роҷеъ ба тасаввуф. Ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст.

Он масъалаҳои тасаввуфро дар бар гирифта, аз муқаддима ва 32 фасл иборат мебошад. Муаллиф китобро ба наргисе монанд мекунад, ки машоми орифонро атрогин месозад. Ваҷҳи тасмияаш ҳам аз ҳамин ҷост. Дар фасли аввал (дар «Лутфи ошиқу маъшуқ») муаллиф ба соликони тариқат муроҷиат карда, моҳияти маърифатро дар шиори «бо дидаи инсонӣ ба олами инсонӣ нигар» иброз доштааст. Фасли дуюми «Абҳар-ул-ошиқин» роҷеъ ба муқаддамоти ишқ баҳс мекунад. Дар ин фасл муаллиф бидояти ишқро иродат медонад; баъд мувофиқату риёзат меояд ва ҳақиқати ҳамаи он муҳаббат мебошад. Муҳаббат, агар ба камол расад, шавқ аст ва агар ҳақиқат пазирад, ишқ аст. Вобаста ба ҳамин масъала муаллиф навъҳои ишқро баён намуда, дар фасли сеюм ба шарҳи ишқи инсонӣ мепардозад. Дар фаслҳои чаҳоруму панҷум мафҳумҳои ҳусну ҷамолу камол ва хулқу сафою вафо баён шудаанд. Дар фаслҳои минбаъда бидояти ишқ, табдили ишқи инсонӣ ба ишқи илоҳӣ, риёзати қалбӣ, таҳзиби ахлоқ, муроқаба, хавф, ризо, қурб, яқин ва дигар масъалаҳои мақомоту аҳволи тасаввуф мавриди таҳлили муаллиф қарор гирифтаанд. Фаслҳои охири «Абҳар-ул-ошиқин» ба масъалаҳои бисёр ҳассоси таълимоти ирфонӣ – мукошафа, мушоҳада, муҳаббат, шавқ ва ишқи комил оид аст. Муаллиф дар онҳо моҳияти асосии таълимоти ирфонии худро баён намуда, ишқро сифати ҳақ мешуморад ва монандии ошиқу маъшуқро мақоми тавҳид мепиндорад. «Абҳар-ул-ошиқин» дар силсилаи «Ганҷинаи навиштаҳои эронӣ» бо тасҳеҳ ва муқаддимаи форсию франсавӣ ва тарҷумаи фасли аввали он ба забони англисӣ бо кӯшишу эҳтимоми Ҳенри Корбэн ва Муҳаммад Муин соли 1958 дар Теҳрон ба табъ расид.

  • Шайх Рузбаҳони Бақлии Шерозӣ. «Абҳар-ул-ошиқин фӣ аҳвол-ил-ушшоқ», Т., 1337 – 1954.