Абҷадхон
Зоҳир
Абҷадхон — бачаи навомӯзи мактабҳои қадими мусулмонӣ. Омӯзиш аз 8 калима: абҷад, ҳавваз, ҳуттӣ, каламан, саъфас, қарашат, сахаз ва зазағ сар мешуд, ки ҳамаи 28 ҳарфи алифбои арабиро дар бар мегирифт. Навомӯз ин калимаҳоро, ки дар тахтача навишта мешуданд, аз ёд мекард ва бо шаклу талаффузи ҳарфҳо шинос мешуд. Ин давраи хониш «абҷадхонӣ» ном дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.