Jump to content

Абӯтаййиби Сарахсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абӯтаййиби Сарахсӣ

Абӯтаййиби Сарахсӣ - аз шоирони даврони Сомониҳо будааст. Саид Нафисӣ ӯро аз шоирони гумноми Оли Сомон донистааст. Дар бораи ӯ маълумоти дигар ба ҷуз он, ки се байт дар Маҷмаулфусаҳо омада, чизе дар даст нест; он байтҳо ин аст:

Эй подшоҳи рӯйи замин, давр аз они туст,
Андешаи тақаллуби даврон куну замон.
Бехе нишон, ки давлати боқӣ-т бор диҳад,
К-ин боғи умр гоҳ баҳор аст гоҳ хазон.
Чун ком ҷовидон мутасаввир намешавад.
Хуррам касе, ки зинда кунад ном ҷовидон.
  • Донишномаи Рӯдакӣ, саҳ. 63., Ҷилди 1. Душанбе 2008
  • Аҳвол ва ашъори шоирони бедевони қарнҳои 3-4-5 ҳ.қ., тасҳеҳи Маҳмуди Мудаббирӣ Т., 1370
  • Маҳмуди Мудаббирӣ Омори ашъор ва шоирони порсигӯ то поёни қарни 5-ҳ. дар маҷал.
  • Номаи Пажӯҳишго, шумораҳои 8-10, Душанбе 2005
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукури Абдусаттор, Душанбе 2007