Саид Нафисӣ
Таърихи таваллуд | 8 июн 1896[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 14 ноябр 1966[2][1] (70 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Саид Нафисӣ (форсӣ: سعید نفیسی, 8 июни 1895, Теҳрон — 13 ноябри 1966, ҳамон ҷо) — забоншинос, пажӯҳишгари адабиёти форсӣ, таърихнигор, нависанда, тарҷумон ва шоири эронӣ, писари Алиакбари Нафисӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нафисӣ таҳлили ибтидоиро дар мактабҳои «Шараф» ва «Илмия»-и Теҳрон, миёнаро дар Швейсария ва олиро дар Университети Сорбоннаи Франсия ба анҷом расондааст. Солҳои 1918-34 дар вазоратҳои гуногуни Эрон кор карда, баробари ин дар омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва мактаби олии навъи политехникӣ-«Дорулфунун» аз забону адабиёти форсӣ ва таърих дарс дарс дод. Аз соли таъсиси донишгоҳи Теҳрон (1934) Нафисӣ профсоюз интихоб шуда, то аввали солҳои 50 ин вазифаро ба ҷо овард. Аввали солҳои 50 дар натиҷаи фишори сиёсӣ ва зиддият бо роҳбарияти донишгоҳ Нафисӣ ба нафақа баромад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳои нахустини илмии тадқиқотии ӯ аввали солҳои 20 навишта шудааст. Нафисӣ олими сермаҳсул аст. Доир ба таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик, адабиёти муосири Эрон, таърихи Эрон ва Осиёи Миёна, адаӣиёти классикӣ ва советии рус, адабиёту фарҳанги халқҳои советӣ, забон ва адабиёти мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ бештар аз 800 мақола, асари илмӣ ва адабӣ, таълиф нвмуда, як силсила асарҳои адабӣ ва таърихиро ба нашри интиқодӣ ҳозир кардааст. Асарҳои Нафисӣ, монанди «Аҳвол ва ашъори Абӯабдуллоҳ ибни Ҷаъфар Муҳаммади Рӯдакии Самарқандӣ» (ҷилди 1—3, 1930—40), «Таърихи тамаддуни Эрони Сосонӣ» (1952), «Шоҳкориҳои насри форсии муосир» (ҷилди 1—2, 1950—53), «Таърихи иҷти- моӣ ва сиёсии Эрон дар асри ҳозир» (1956), «Зиндагӣ ва кору ҳунари Максим Горкий» (1956), «Таърихи адабиёти русӣ» (ҷилди 1, 1965), «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ» (ҷилди 1—2, 1965) таълифоти муҳимми илмианд.
Нивисандагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нафисӣ ҳамчун нависанда ҳам шуҳрат дорад. Ӯ муаллифи ду маҷмӯаи ҳикояҳо: «Ситорагони сиёҳ» (1937) ва «Моҳи Нахшаб» (1949), се роман: «Фарангис» (1931), «Нимароҳи биҳишт» (1953), «Оташҳои нуҳуфта» («Хисобҳо дуруст дарнаёмад», 1966), инчунин «Гулчине аз девони Саид Нафисӣ» (1954) ва драмаи «Охирин ёдгори Нодиршоҳ» (1926) аст. Дар асарҳои бадеии нависанда масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию иҷтимоии Эрон ба миён гузошта шудаанд.
Нафисӣ узви Фарҳангистони Улуми Эрон (аз соли 1935), яке аз асосгузорон ва фаъолони ҷамъияти дустӣ ва равобити фарҳангии Эрон бо Иттифоқи Советӣ, ноиб-президенти ҷамъияти «Эрон — Ҳиндустон», аъзои фахрии ҷамъияти «Эрон — Франсия», аъзои Совети умумиҷаҳонии сулҳ буд. Ӯ дар донишгоҳҳои Бамбай, Алигарҳ, Қоҳира, Бейрут, Бағдод, Кобул, Деҳлӣ, Ҳайдаробод оид ба таърихи адабиёти классикии форс- тоҷик лекция ва маърӯзаҳо хондааст. Нафисӣ борҳо ба Иттифоқи Советӣ омадааст. Ӯ дар ҷашнҳон 1000-солигии таваллуди Фирдавсӣ (1934), 20- солагии таъсиси ҶШС Узбекистон (1944), 20-солагии ташкили ҶШС Озарбойҷон (1945), 220-солагии таъсиси АФ СССР (1945), 500-солагии таваллуди Навоӣ (1948), 150-солагии М. Ф. Охундов (1962), 550-солагии таваллуди Абдурраҳмони Ҷомӣ (1964), инчунин дар съезди 2-юми нависандагони СССР (1954) ва Конгресси25- уми шарқшиносони дунё (Москва, 1960) иштирок кардааст. Нафисӣ ду маротиба (1960, 1964) ба Тоҷикистон ома- да, бо ҳаёти илмию мадании республика аз наздик шинос гардидааст. Нафисӣ соли 1964 доктор ва профессори фахрии Университети Давлатии Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Нафисӣ нисбат ба Тоҷикистон ва халқи тоҷик муҳаббати зиёд дошт. Ин муҳаббати худро шоир дар шеъри «Ба дӯстони тоҷикам» (1960) самимона ифода кардааст. Нафисӣ ба шоирон, нависандагон ва олимони машҳури тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода, Б. Ғафуров, М. Осимӣ, А. Мирзоев робитаи дӯстона дошт. Ӯ бо намунаҳои эҷодиёти шоирону нависандагони тоҷик шинос буд ва ба адабиёти советии тоҷик баҳок баланд медод. Нафисӣ дар нутқи дар съезди 2-юми нависандагони СССР эҷодкардааш роҷеъ ба адабиёти советии тоҷик ва адибони барҷастаи он чунин гуфтааст: «Барои мо махсусан роҳи ҷумҳуриҳои советии Осиёи Миёна, ки таърихани ба мо наздиканд ва дар як муддати кӯтоҳ ба гул-гул шукуфтани маданияти худ ноил гардидаанд, ибратомӯз аст. Асарҳои нависандагони намоёви тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Миршакар, Улуғзода, Икромӣ… барои ҷавонони мо дар роҳи ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ ва ҳақиқатан халқии худ намунаи сазовор аст».
Нафисӣ махсусан ба осори илмию адабии С. Айнӣ баҳои баланд додааст. Ӯ нахустин олими хориҷӣ буд, ки ба китоби С. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» тақриз навишта, аҳамияти онро таъкид намуда буд: «Ба ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоақал як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони туркистонии мост, бихонад». Нафисӣ соли 1944 зимни ширкат дар ҷавши 20-солагии республикаи Ӯзбекистон бо устод Айнӣ шинос шуд. Таассуроти амиқи аз ин вохӯрӣ гирифтаашро Нафисӣ баъдтар дар ёддошти худ чунин нақл кардааст: «Дар Тошканд бо касе, ки солҳо буд орзуи дидорашро доштам, рӯ ба рӯ шудам. Андоми лоғар ва қади мутавассит ва симои пур аз ҳушу фаросат ва чашмони пурфуруғи Садриддин Айнӣ маро гирифт. Дидам сурати он марди бузург, ки дар баробари ман аст, бо сирате, ки аз муаллафоти вай дар зеҳни ман ҷойгир шуда буд, комилан яксон аст». Аз эҷодиёти бадеии Нафисӣ чанд ҳикоя дар Тоҷикистон нашр шудааст: «Дами вопасин» (1973), «Ситораи ман» (1976), «Роҳи одам шудан» (1976) ва ғайра.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Library of Congress Authorities (ингл.) — Library of Congress.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Наҷмонов Ф, Саид Нафисӣ — нависандаи бомаҳорати Эрон, «Мактаби Советӣ», № 10, 1978;
- КомиссаровД. С., С. Нафиси — выдающийся ученый и писатель современного Ирана, «Народы Азии и Африки», 1962, № 2;
- Гиунашвили Л. С., Творческий путь Саида Нафиси, Тбилиси, 1976.
- Нафисӣ // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 8 июн
- Зодагони соли 1896
- Зодагони шаҳри Теҳрон
- Даргузаштагони 14 ноябр
- Даргузаштагони соли 1966
- Даргузаштагони Теҳрон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихнигорон аз рӯи алифбо
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони асри XX
- Нависандагони Эрон