Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Аввал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аввал (арабӣ: اول – нахуст, якум) — дар фалсафаи ирфонӣ истилоҳест, ки мартабаи лотаайюни (ғайри мушаххас) ҳақро ифода намуда, ба зоти маҳзи офаридгор ишора мекунад.

Дар ин мартаба вуҷуди ҳақ аз ҳар гуна изофат муназзаҳ ва аз ҳар қайду шарт озод аст. Ин мартабаи ҳақро мартабаи аҳадият меноманд. Баъди аввал мартабаҳои таайюни (мушаххас ва муайян) аввал, таайюни сонӣ, арвоҳ, олами мисол ва олами аҷсом меоянд.